Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд

Asia-Plus

Чанде пеш мо дар бораи мушкили сироятёбӣ аз ВНМО дар байни муҳоҷирони меҳнатии ба Тоҷикистон баргашта мавод нашр кардем. Дар мақола зикр мешуд, ки ҳар сеюмин шахси мубталои ВНМО дар Тоҷикистон муҳоҷири аз хориҷа баргашта аст. Ин маълумот барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ташхиси саривақтӣ ва пешгирӣ аз сироят нашр гардида буд. Аммо сафҳаву гурӯҳҳои русгаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Telegram бо таҳрифи ин маълумот талош карданд аз он барои ташаккули тасаввуроти бардурӯғ оид ба хатари муҳоҷирон ба ҷомеаи ин кишвар истифода баранд.

 

Маълумоти воқеӣ

Маълумоти дар мақолаи мо зикршуда ба омори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ (Вируси норасоии масунияти одам/Бемории пазируфтаи норасоии масуният) асос ёфта буд. Тибқи ин омор, давоми панҷ соли охир дар кишвар 5 ҳазору 463 ҳолати сироятёбӣ аз ВНМО ошкор шудааст, ки 22%-и он муҳоҷирони аз хориҷа ба ватан баргашта мебошад. Агар дар соли 2019 муҳоҷирони баргашта ҳамагӣ 17%-и сироятшудагонро ташкил мекарданд, пас то соли 2023 ин рақам ба 32,5% расидааст. Махсус бояд таъкид кард, ки муҳоҷирон дар Русия ба ин беморӣ сироят ёфта ба ватан бармегарданд, на баръакс. Яъне ин омори дар Тоҷикистон сироят ёфта, ба Русия рафтагон нест!

Дар мақола аҳаммияти санҷиш ва пешгирӣ аз сирояти ВНМО байни муҳоҷирони ба ватан баргашта таъкид шуда, дар бораи зарурати ташхис ва муроҷиат ба марказҳои тиббӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус тавсияҳо дода шуда буд.

Таҳриф ва дасткорӣ

Пас аз нашри мавод, бархе саҳифаю гурӯҳҳои русгаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки "ҳар сеюмин муҳоҷир, ки ба Русия меояд, аз ВНМО сироят ёфтааст". Ин дурӯғ ва таҳрифи кулли воқеият аст. Маълумоти дар мақолаи мо нашршуда фарогири танҳо муҳоҷирони аз Русия ба Тоҷикистон баргашта буд. Ба омори муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд, умуман рабт надошт.

Аммо баъзе саҳифаю гурӯҳҳо бо таҳрифи иттилоъ навиштанд, ки "138 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз ВНМО сироят ёфтаанд". Онҳо омори сироятёбӣ миёни кулли сокинони кишварро бардурӯғ ҳамчун омори сироятёбӣ миёни муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд, нашр карданд.

Ин албатта дасткорӣ ва ё дурӯғпароканӣ аст.

Бештар аз ин, баъзе расонаҳо афсонабофӣ карда, қиссаи занеро нашр карданд, ки гӯё бо муҳоҷире шинос шуда, ӯро ба хонааш даъват кардааст ва баъди робитаи ҷинсӣ бо ӯ ба ВНМО олудааст. Албатта, ин афсона барои тасвири муҳоҷирон ҳамчун таҳдид эҷод ва паҳн карда шуд.

Дигар расонаҳо ба “алоқаҳои ҷинсии бетартибона” ва “махсусиятҳои динӣ”-и муҳоҷирон, ки гӯё аз истифодаи воситаҳои пешгирӣ парҳез мекунанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҳарчанд ин “назария”-ҳо ҳеҷ асоси илмӣ надорад, аммо барои манфӣ муаррифӣ кардани симои муҳоҷирон бофта мешаванд.

Назарҳи коршинос

Рустам Гулов, коршиноси расонаҳо ва мутахассиси саводи расонаӣ шарҳ медиҳад: “Ин навъи таҳрифкорӣ намунаи аслии дурӯғпароканӣ аст, ки тибқи он маълумоти воқеӣ дар замина қарор дорда шуда, бо ҳадафи эҷоди тасаввуроти бардурӯғ, пешниҳод мешаванд. Бадномкунии симои муҳоҷир, бахусус дар Русия, ҷузъе аз дасткории ҳадафмандонае мебошад, ки гурӯҳҳои муайян роҳандозӣ мекунанд. Ҳадафи онҳо эҷоди тарс, нафрат ва тафриқа дар ҷомеа мебошад. Ин роҳбурд барои дур андохтани таваҷҷуҳ аз мушкилоти дохилӣ, пайдо кардани “гунаҳкор”-и мушкилоти ҷомеа, тақвияти нуфуз тариқи эҷоди душмони сунъӣ роҳандозӣ мешавад.  Бояд донист, ки ин навъ дасткориҳо чӣ тавр роҳандозӣ мешаванд ва ба эътимод ба иттилоъ чӣ тавр таъсир мерасонанд”.

Дасткории маълумот дар сафҳаву гурӯҳҳои Телеграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи ҷиддист. Он қолабу тасаввуроти бардурӯғ эҷод карда, дар ҷомеа нобовариро паҳн мекунанд. Иттилоъро санҷеду ба манбаъҳои боэътимод бовар кунед ва фирефтаи маълумоти бардурӯғ нашавед.

Бояд дар хотир дошт, ки чунин маводҳо чизе бештар аз маълумоти бардурӯғ нест. Манбаи иттилоотро санҷед, ба ахбори боэътимод борвар кунед ва аз дасткориҳо дурӣ ҷӯед. Ба шабакаи мо обуна шавед, то ки аз хабару рӯйдодҳои охир ва иттилои боэътимод огоҳ бошед!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...