Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар соли 2024 ҷамъбаст гардид ва 30-юми октябр дар Театри давлатии академиии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ин озмун баргузор шуд. Дар он 570 нафар иштирок ва 132 нафар ғолиб дониста шуда, дар ҳар наминатсия ба 1 нафар ғолиби ҷойи як 35 ҳазор, 2 нафар ғолиби ҷойи […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар соли 2024 ҷамъбаст гардид ва 30-юми октябр дар Театри давлатии академиии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ин озмун баргузор шуд. Дар он 570 нафар иштирок ва 132 нафар ғолиб дониста шуда, дар ҳар наминатсия ба 1 нафар ғолиби ҷойи як 35 ҳазор, 2 нафар ғолиби ҷойи ду 25 ҳазор ва се нафар ғолиби ҷойи се 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид. Омӯзгорони хонандагоне, ки ғолибият ба даст оварданд, бо мукофотпулӣ ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ ва волидони онҳо бо нишони “Маърифатпарвар” қадр шуданд.

Озмун аз рӯйи 7 наминатсия – “Математика”, “Физика ва астрономия”, “Химия”, “Биология”, “География”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” вобаста ба синну сол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаби президентӣ, донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Ғолибони ҷойи якуми 7 наминатсия аз рӯйи синну сол:

Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

– Олимова Фараҳноз, хонандаи МТМУ-и №37, ш.Исфара – бахши “Математика”;

– Валиҷонов Фирдавс Валиҷонович, хонандаи МТМУ-и №9, н. Ҷ. Расулов – бахши “Физика ва астрономия”;

– Холов Аҳлиддин Баҳриддинович, хонандаи МТМУ-и №56, н. Сино – бахши “Химия”;

– Займуддинов Шарифҷон Бегиҷонович, хонандаи МТМУ-и №34, н. Сино – бахши “Биология”;

– Шерова Моҳпора Саидовна, хонандаи МТМУ-и №51, н. Фирдавсӣ – бахши “География”;

– Азизов Ҳикматулло Абдулҳомидович, хонандаи МТМУ-и №51, н. Фирдавсӣ – бахши “Технологияи иттилоотӣ”;

– Нуров Одилҷон Алиҷонович, хонандаи МТМУ-и №5, ш. Ваҳдат – бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.

Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактаби президентӣ)

– Қодиров Муҳаммадҷон Мансур, хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқати ш.Душанбе – бахши “Математика”;

– Қосимов Муҳаммадҷон Камолиддинович, хонандаи Литсейи №1, ш. Панҷакент – бахши “Физика ва астрономия”;

– Разакова Шаҳзода Хайруллоевна, хонандаи Литсейи “Ҳотам ва ПВ”дар шаҳри Ҳисор – бахши “Химия”;

– Қурбонзода Маҳваш Завқибек, хонандаи Гимназияи №74-и н.Фирдавсӣ – бахши “Биология”;

– Толибова Сумая Сорбоновна, хонандаи Литсейи инноватсионии н.Фирдавсӣ – бахши “География”;

– Қаюмов Муҳаммадҷон Ёдгорович, хонандаи Литсейи Ҳотам ва ПВ, н.Сино – бахши “Технологияи иттилоотӣ”;

– Ашурова Сумая Зафаровна, хонандаи Литсейи  инноватсионӣ дар н. Фирдавсӣ – бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.

Байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ

– Ҳаитов Эҳсон, донишҷӯи Донишгоҳи милли Тоҷикистон – дар бахши “Математика”;

– Иноятов Шаҳриёр Шавқатбоевич, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – бахши “Физика ва астрономия”;

– Машрабов Шукрулло Абдулмаҷидович, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – бахши “Химия”;

– Сафаров Алиҷон Рустамович, Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, ш. Душанбе – бахши “Биология”;

– Чутаев Бунёд Ҳасанович, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, ш. Душанбе – бахши “География”;

– Аминзода Нодир Назирҷон, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ш. Душанбе – бахши “Технологияи иттилоотӣ”;

– Мирзовалиев Хушбахт Исмоилович, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, ш. Душанбе – бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.

Ғолиби ҷойи аввали бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” байни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони хабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таъдимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун Одинаев Фатҳулло Раҳматович, аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардид.

Бояд гуфт, озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” соли чорум аст, ки бо мақсади ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон баргузор мегардад. Дар ин чор сол танҳо як нафар соли гузашта дар бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” Ҷаҳонгир Дадаҷонов барандаи “Шоҳҷоиза”-и ин озмун гардид.

Бо феҳристи пурраи ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 инҷо шинос шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.