Вазири корҳои дохилии Русия эътироф кард, ки зердастонаш дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ даст доранд

Asia-Plus

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия даст доштани зердастонашро дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ эътироф кард ва гуфт, дар ин самт ҷонибдори пурзӯр кардани муҷозот аст.

“Далелҳои иштироки кормандони милитсия дар қонунигардонии (фаъолияти) муҳоҷирон бартараф нашудаанд. Ман тасмими қонунгузоронро дар бораи бамаротиб зиёд кардани мӯҳлати ҷазо барои ин кор хеле муҳим медонам”, – гуфт Владимир Колоколтсев.

Ӯ рӯзи 29-уми октябр дар нишасти мушовараи Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 160 корманд ва афсари милисаро барои мусоидат дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

“Агар дар 9 моҳи соли 2023-ум 86 кормандро ба ҷавобгарӣ кашида бошанд, пас дар 9 моҳи соли 2024 теъдоди онҳо ба 160 нафар расидааст. Масалан, дар вилояти Тула амалҳои раҳбарони сатҳҳои гуногун тафтиш мешавад, ки барои иқомати бештар аз 1500 хориҷӣ иҷоза додаанд”, – афзуд Колоколтсев.

Бояд зикр кард, ки дар сатҳи роҳбарияти Русия муҳоҷиронро бо ҳар баҳона ва барои ҳар коре муттаҳам мекунанд ва дар  баъзе ҳолатҳо бидуни сабаб, азият медиҳанду аз кишварашон ихроҷ мекунанд. Ва ин аз камтарин ҳолатҳое аст, ки як вазири рус даст доштани кормандонашро дар ҷиноятҳое, ки то ин лаҳза танҳо марбут ба муҳоҷирон нишон медоданд, эътироф мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...