Вазири корҳои дохилии Русия эътироф кард, ки зердастонаш дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ даст доранд

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия даст доштани зердастонашро дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ эътироф кард ва гуфт, дар ин самт ҷонибдори пурзӯр кардани муҷозот аст. “Далелҳои иштироки кормандони милитсия дар қонунигардонии (фаъолияти) муҳоҷирон бартараф нашудаанд. Ман тасмими қонунгузоронро дар бораи бамаротиб зиёд кардани мӯҳлати ҷазо барои ин кор хеле муҳим медонам”, – гуфт Владимир Колоколтсев. […]

Asia-Plus

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия даст доштани зердастонашро дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ эътироф кард ва гуфт, дар ин самт ҷонибдори пурзӯр кардани муҷозот аст.

“Далелҳои иштироки кормандони милитсия дар қонунигардонии (фаъолияти) муҳоҷирон бартараф нашудаанд. Ман тасмими қонунгузоронро дар бораи бамаротиб зиёд кардани мӯҳлати ҷазо барои ин кор хеле муҳим медонам”, – гуфт Владимир Колоколтсев.

Ӯ рӯзи 29-уми октябр дар нишасти мушовараи Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 160 корманд ва афсари милисаро барои мусоидат дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

“Агар дар 9 моҳи соли 2023-ум 86 кормандро ба ҷавобгарӣ кашида бошанд, пас дар 9 моҳи соли 2024 теъдоди онҳо ба 160 нафар расидааст. Масалан, дар вилояти Тула амалҳои раҳбарони сатҳҳои гуногун тафтиш мешавад, ки барои иқомати бештар аз 1500 хориҷӣ иҷоза додаанд”, – афзуд Колоколтсев.

Бояд зикр кард, ки дар сатҳи роҳбарияти Русия муҳоҷиронро бо ҳар баҳона ва барои ҳар коре муттаҳам мекунанд ва дар  баъзе ҳолатҳо бидуни сабаб, азият медиҳанду аз кишварашон ихроҷ мекунанд. Ва ин аз камтарин ҳолатҳое аст, ки як вазири рус даст доштани кормандонашро дар ҷиноятҳое, ки то ин лаҳза танҳо марбут ба муҳоҷирон нишон медоданд, эътироф мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.