Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад

Аз рӯи маводи ВАО

Дар маъракаи интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ғолиб омада, президенти 47-уми ин кишвар интихоб шуд.

Тавре ки расонаҳо хабар медиҳанд, ҳарифи ӯ – ноиби президенти амалкунандаи ИМА Камола Ҳаррис бохти худро эътироф намуда, ба Трамп занг зад ва ӯро бо пирӯзӣ табрик кард.

Сарвари давлати тозаинтихобро ҳамчунин президенти амалкунандаи ИМА Ҷо Байден низ табрик гуфт.

Зимни суханронӣ назди ҷонибдоронаш Доналд Трампи 78-сола ваъда дод, ки Амрикоро “боз бузург, пурзӯр ва бехатар” ва сокинонашро – хушбахт месозад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки ният дорад “ба ҷангҳо хотима бахшад”, на балки онҳоро боз оғоз намояд.

Маросими расмии сари мансаб нишастани Трамп 20 январи соли 2025 дар бинои Капитолия дар Вашингтон доир мегардад. Ин маросим ҳамеша дар ҳамин рӯз мегузарад, ки дар ислоҳи 20-уми Конститутсияи ИМА аз соли 1933 зикр шудааст. Дар ислоҳ зикр шудааст, ки нимаи дуюми рӯзи 20 январ муҳлати ваколатҳои президент ва ноиби президенти амалкунанда ба охир расида, муҳлати шахсони тозаинтихоб оғоз мегардад.

Дар баробари президент ҳамзамон конгрессменҳо низ интихоб шуданд. Ҳизби ҷумҳурихоҳ аксариятро дар сенати конресси ИМА соҳиб шуд. Ба туфайли пирӯзӣ дар Вирҷинияи Ғарбӣ ва Огайо ҷумҳурихоҳон палатаи болоии парлумонро зери назорат гирифтанд.

Ин ду пирӯзӣ ба ҷумҳурихоҳон имкон доданд, ки дар сенати иборат аз 100 курсӣ ҳадди ақалл 51-ҷойро гиранд. Ғайр аз ин, тибқи пешгӯиҳои ВАО-и амрикоӣ, ҷумҳурихоҳон дар палатаи намояндагони конгресс низ аксариятро нигоҳ доштанд.

Бисёре аз сарони давлатҳо, аз ҷумла Британияи Кабир, Фаронса, Лаҳистон (Полша), Чин, Ҳиндустон, Туркия, Исроил ва дигар кишварҳо Доналд Трампро бо ғалаба табрик карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...