Рӯзноманигори тоҷик ва Иттиҳоди Аврупо маъракаи экологии #OzmuniSabz2024-ро роҳандозӣ намуданд

Рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеа дар бахши ҳифзи ҳайвонот Зулфия Голубева маъракаи экологии #OzmuniSabz2024-ро роҳандозӣ намуд, ки дар доираи он метавон дар рӯбучину тоза кардани пойтахт саҳм гузошта, инчунин туҳфаҳои арзишманд бурд кард. Ба гуфтаи ташкилкунанда, ин иқдом ба одамон ҷиҳати беҳтар дарк намудани аҳаммияти ҳифзи муҳити зист ва дастгирии бештари ташаббусҳои экологӣ кумак мекунад. #OzmuniSabz2024 […]

Asia-Plus

Рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеа дар бахши ҳифзи ҳайвонот Зулфия Голубева маъракаи экологии #OzmuniSabz2024-ро роҳандозӣ намуд, ки дар доираи он метавон дар рӯбучину тоза кардани пойтахт саҳм гузошта, инчунин туҳфаҳои арзишманд бурд кард.

Ба гуфтаи ташкилкунанда, ин иқдом ба одамон ҷиҳати беҳтар дарк намудани аҳаммияти ҳифзи муҳити зист ва дастгирии бештари ташаббусҳои экологӣ кумак мекунад.

#OzmuniSabz2024 дар ду шакл – челлендж ва шанбегиҳо баргузор мешавад.

Челлендж як ҳафта пеш дар Инстаграм оғоз шуд. Бо иштирок дар он имкон пайдо мешавад, ки ҷоизаҳои арзишманд, аз қабили электросамокат, велосипед ва микрофон бо аудикорт бурд намоӣ.

Барои иштирок дар мавзӯи экологӣ дар шакли рилс бо хэштеги #OzmuniSabz2024 видео наворбардорӣ кардан лозим аст. Мавзӯи наворҳои кӯтоҳ (роликҳо) метавонанд гуногун бошанд – аз ҷамъоварии партов то дигар корҳои шахсии муфид барои беҳбуди вазъи экологӣ.

Ҷоизаҳо барои бурди танҳо иштирокчиёни челлендж пешбинӣ шудааст. 10 ролики беҳтарин бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуда, ҷоизаҳои асосӣ ба се муаллифи беҳтарин тақдим мешаванд.

Ҳамчунин баргузор намудани 5 шанбегӣ- 4-то дар Душанбе ва 1-то дар гирду атрофи пойтахт ба нақша гирифта шудааст.

Маърака бо дастгирии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон доир гардида, то охири моҳи январи соли 2025 идома меёбад. Маълумоти муфассал дар ин бора дар саҳифаи Инстаграми Зулфия Голубева қобили дарёфт аст.

Ба #OzmuniSabz2024 ҳамроҳ шавед, то ки ҷаҳонро тозатару бехатар кунед!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.