Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Як сокини 17-солаи шаҳри Душанбе дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бо истифода аз корд падарандарашро куштааст. Мақомоти пулис ноболиғро боздошт ва нисбташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин хусус дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 22-юми ноябр, тақрибан соати 22-и шаб ноболиғи 17 сола А.Б. дар пайи муноқишаи падарандараш Андрей Абдуллоеви 64-сола ва модараш бо корд падарандарашро захмӣ кардааст. Дар натиҷа падарандари ноболиғ ҷароҳат бардошта, фавтидааст.

“Ҳаминҷо кордчаро гирифта тарафи ман омад, аз дасташ кордчаро гирифтам, тела кардам, ки афтод. Баъдан маро зад, ман бо сар ӯро задам, ки аз сараш хун омад. Ӯ сахттар заданро сар кард, кордчаро гирифтам ва ба пуштам задам, кашидаму як бори дигар задам”, – нақл мекунад ноболиғ.

Дар натиҷаи ҳодисаи мазкур нисбати А.Б. бо моддаи 104 (одамкушӣ)-и Кодеки ҷиноятӣ парванда ифтитоҳ шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ин аввалин хабари мақомот оид ба ҷинояткорӣ миёни наврасону ноболиғон нест. Моҳи августи соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрд миёни ду гурӯҳи наврасон дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе аз зарби корд як ноболиғ кушта шуда, ду нафари дигар захмӣ шуда буданд. 

Пулис дар робита ба ин ҳодиса 6 нафарро ҳамчун гумонбар дастгир карда, нисбаташон бо моддаҳои 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 237 (Абошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда буд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари занозанӣ бо силоҳи теғдор чор ноболиғ кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...