Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст

Як сокини 17-солаи шаҳри Душанбе дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бо истифода аз корд падарандарашро куштааст. Мақомоти пулис ноболиғро боздошт ва нисбташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин хусус дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода мешавад. Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 22-юми ноябр, тақрибан соати 22-и шаб ноболиғи 17 сола А.Б. дар пайи муноқишаи падарандараш Андрей Абдуллоеви […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Як сокини 17-солаи шаҳри Душанбе дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бо истифода аз корд падарандарашро куштааст. Мақомоти пулис ноболиғро боздошт ва нисбташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин хусус дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 22-юми ноябр, тақрибан соати 22-и шаб ноболиғи 17 сола А.Б. дар пайи муноқишаи падарандараш Андрей Абдуллоеви 64-сола ва модараш бо корд падарандарашро захмӣ кардааст. Дар натиҷа падарандари ноболиғ ҷароҳат бардошта, фавтидааст.

“Ҳаминҷо кордчаро гирифта тарафи ман омад, аз дасташ кордчаро гирифтам, тела кардам, ки афтод. Баъдан маро зад, ман бо сар ӯро задам, ки аз сараш хун омад. Ӯ сахттар заданро сар кард, кордчаро гирифтам ва ба пуштам задам, кашидаму як бори дигар задам”, – нақл мекунад ноболиғ.

Дар натиҷаи ҳодисаи мазкур нисбати А.Б. бо моддаи 104 (одамкушӣ)-и Кодеки ҷиноятӣ парванда ифтитоҳ шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ин аввалин хабари мақомот оид ба ҷинояткорӣ миёни наврасону ноболиғон нест. Моҳи августи соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрд миёни ду гурӯҳи наврасон дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе аз зарби корд як ноболиғ кушта шуда, ду нафари дигар захмӣ шуда буданд. 

Пулис дар робита ба ин ҳодиса 6 нафарро ҳамчун гумонбар дастгир карда, нисбаташон бо моддаҳои 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 237 (Абошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда буд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари занозанӣ бо силоҳи теғдор чор ноболиғ кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.