1,7 млн сомонӣ ҷарима дар 10 рӯз. Сабти беш аз 8 ҳазор қонуншиканӣ дар натиҷаи амалиёти “Муоинаи техникӣ”

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар натиҷаи амалиёти навбатии “Муоинаи техникӣ” дар кишвар, ки аз 23-юми ноябр то 3-юми декабр гузаронида шуд, 8 ҳазору 21 қонуншиканӣ ошкор шудааст. Дар ин бора, аз Бозрасии давлатии автомобилӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Манбаъ гуфт, ҳамаи қонуншиканиҳо ба моддаи 315 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Идора кардани воситаи нақлиёт бе муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ ва суғуртаи ҳатмӣ) рабт дорад. Яъне ронандаҳо бе муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ мошин меронданд.

Ба иттилои БДА барои ҳар як қонуншиканӣ дар асоси қисми 1 моддаи 315 парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ронандаҳо 216 сомонӣ ё 3 нишодиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ) ҷарима шуданд.

“Ҳамчунин, рақамҳои давлатии бақайдгирии автомобил то бартараф кардани камбуд ва гузаштан аз муоинаи техникӣ гирифта шудааст. Баъди супоридани ҷарима ва гузаштан аз муоинаи ҳатмии техникӣ рақамҳои давлатии нақлиётро мегиранд”, – гуфтанд аз БДА.

Гуфта мешавад, ки мақсади гузаронидани амалиёти “Муоинаи техникӣ” пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, бартараф намудани камбудиҳои техникӣ ва дар ҳолати муқаррарии техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт аст/

 

Муоинаи техникӣ чист?

Тибқи қонун дар бораи ҳаракат дар роҳ тамоми воситаҳои нақлиёт дар кишвар бояд аз муоинаи техникӣ гузарад. Дар асоси он мошинҳое, ки аз муоинаи ҳатмии навбатии техникӣ нагузаштаанд, минбаъд барои истифода иҷозат дода намешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки нозирони БДА метавонанд ронандаро огоҳ кунанд ё ӯро барои муоинаи техникии маҷбурӣ фиристанд, парванда тартиб диҳанд, ба ӯ ҷарима нависанд ва рақамҳои давлатии бақайдгирии автомобилро кушода гиранд.

 

Муоинаи техникӣ чӣ тавр мегузарад?

Муоинаи техникӣ дар марказҳо ва устохонаҳои хизматрасонии ваколатдор, ки барои гузаронидани ин кор иҷозатнома доранд, гузаронида мешавад. Ин  марказу устохонаҳо бо таҷҳизоти махсус ва асбобҳои зарурӣ барои санҷиши дақиқи  воситаҳои нақлиёт ҷиҳати мувофиқат ба меъёрҳои муқарраршуда муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Тибқи маълумоти БДА дар кишвар 62 нуқтаи санҷиши техникии воситаҳои нақлиёт амал мекунанд, ки 13 адади онҳо нуқтаҳои сайёр (ҳаракаткунанда) мебошанд.

Ҳамчунин, ширкатҳои хусусӣ ҳам бо бастани шартнома бо БДА ҳолати техникии мошинҳоро месанҷанд. Баъди муоинаи техникӣ БДА ба соҳиби апвтомобил ҳуҷҷати тасдиқкунанда медиҳад.

Зимнан, чанд сол пеш як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон собит кард, ки ширкати “Рушди рнаҳнавард”, ки дар кишвар масъули анҷом додани ташхиси ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёт аст, амалан ҳеч хизмате анҷом намедиҳад ва ба ҷамъоварии даромад аз ҳисоби ташхиси “рӯи коғаз” машғул аст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёт, аз ҷумла 587 074 мошини сабукрав сабт шудааст. Даҳ сол пеш ин омор ба 389 ҳазор баробар буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...