Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои нави Додгоҳи олӣ бо додрасҳо мулоқот кард

Субҳи имрӯз, 5-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бинои нави Додгоҳи олии Тоҷикистонро ифтитоҳ ва бо додрасҳои тоҷик мулоқот кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии перзиденти Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, мулоқоти сарвари давлат бо додрасҳо дар бинаи нави Додгоҳи олӣ, ки дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, баргузор шуд. […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 5-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бинои нави Додгоҳи олии Тоҷикистонро ифтитоҳ ва бо додрасҳои тоҷик мулоқот кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии перзиденти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, мулоқоти сарвари давлат бо додрасҳо дар бинаи нави Додгоҳи олӣ, ки дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, баргузор шуд.

Ҷузъиёти дигари ин мулоқот то ҳол маълум нест. Дирӯз як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон бурду бохти низоми додрасиро дар ин мулоқот ба баррасӣ мекашад.

Бинои Суди Олӣ аз 15 ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи қариб 185 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо сифати баланд ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст.

Ба  Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Суди Олӣ дорои 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонии парвандаҳои судӣ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҷойи нигоҳдории судшавандаҳо, толор барои конфронсҳои матбуотӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳамаи ҳуҷраҳо тибқи стандартҳои матлуб ҷиҳозонида шудааст.

Дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 25 воситаи нақлиёт мавҷуд аст.

Ёдовар мешавем, ки бори охир 5 соли пеш, 21 ноябри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти додгоҳӣ мулоқот карда буд.

Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас амал мекунад, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд.

Шикоятҳо дар бораи фаъолияти додрасҳо ҳам дар ҷомеа кам нест ва бархе аз фаъолияти нодурусти онҳо шикоят мекунанд.

Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони мақомоти судӣ дар соли 2019 аз фаъолияти додрасҳои тоҷик интиқод карда буд.

Ӯ гуфта буд, ки “амали коррупсионӣ на танҳо обрӯ ва нуфузи мақомоти судиро паст мекунад, балки эътимоди мардум ва эътибору эҳтироми давлатро коста мегардонад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио