Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд

Дар соли 2024 содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас афзуда, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 1300 тонна ин мева ба хориҷи кишвар интиқол ёфтааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 97 тонна зиёдтар мебошад. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Дар Вазорат зикр кардаанд, ки Тоҷикистон фаъолона […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар соли 2024 содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас афзуда, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 1300 тонна ин мева ба хориҷи кишвар интиқол ёфтааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 97 тонна зиёдтар мебошад. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар Вазорат зикр кардаанд, ки Тоҷикистон фаъолона майдони боғоти парвариши хучро зиёд мекунад. Соли 2023 Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати ҷумҳурӣ 150 гектар майдони нави боғоти хуч бунёд кардааст, ки ҳамасола аз 1 гектари он аз 4 то 8 тонна ҳосил гирифта мешавад. Ин оғози барномаи бузургмиқёси васеъ кардани боғоти парвариши меваи хуч аст.

Дар доираи Барномаи миллии “Кишвари сабз” барои солҳои 2023-2027 бунёди боғоти иловагӣ дар минатқаҳои гуногуни кишвар ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи барнома, дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зиёда аз 400 гектар боғоти хуч бунёд мешавад. Дар назар аст, ки тавсеъаи истеҳсол натанҳо иқтидори содиротии кишварро зиёд мекунад, балки ба беҳбуди вазъи экологӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Илова бар ин, дар Тоҷикистон бунёди парваришгоҳҳои махсус барои парвариш ва нашъунамои тухмии меваи хуч идома дорад. Парваришгоҳҳо дар Ноҳияҳои Панҷу Фархор ва Хуросону Данғара бунёд мешаванд, ки дар онҳо парвариши 250 ҳазор бех ниҳоли хуч дар як сол пешбинӣ шудааст.

Имсол корҳо дар парваришгоҳҳои хоҷагии ҷангали ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб, Рашт, Зафароод ва Ромит оғоз гардида, корҳои селексионӣ (интихоб) ва беҳбуди сифати маҳсулот идома дода мешаванд. Солҳои охир дар Тоҷикистон навъҳои нави меваи хуч пайдо шуданд, ки ба бемориҳову зараррасонҳо нисбатан тобоваранд ва ба устувории ҳосилнокӣ мусоидат мекунанд.

Ин тадбирҳо ба рушду таҳкими бахши кишоварзии Тоҷикистон, беҳбуди вазъи экологӣ ва зиёдшавии захираҳои ҷангал равона шудаанд, ки дар навбати худ ба афзоиши содирот ва фароҳам сохатни ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки бари шинонидани хуч дар 1 гектар аз 2,3 ҳазор то 6 бех ниҳол лозим аст. Дар сурати роҳандозии корҳои пурсамари агротехникӣ, ҳосили меваи тару тозаи хуч ба ҳисоби миёна 50-60 сентнер ва хушкмевваш – 15-20 сентнер аз 1 гектарро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.