“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд

Рӯзи 4-уми декабр дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон ҷашни “Меҳргон” ва номинаи дигари якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳон ворид карда шуд. Дар ин бора Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ҷаласаи 19-уми Кумитаи […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Рӯзи 4-уми декабр дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон ҷашни “Меҳргон” ва номинаи дигари якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳон ворид карда шуд. Дар ин бора Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласаи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО рӯзи 2-юми декабр дар Парагвай шурӯъ шуда, то 7-уми декабри соли 2024 идома меёбад. Дар иҷлосия инчунин намояндагони Тоҷикистон иштирок доранд.

Ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиату  меҳнати деҳқон ва арҷгузорӣ ба ваҳдати инсону табиат таҷлил мегардад. Соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳёи ҷашни “Меҳргон”, ки ифодагари анҷоми ҷамъоварии ҳосил аст, қарор қабул кард ва он ба рӯйхати идҳои расмӣ дохил шуд.

Рубоб сози тории мусиқӣ буда, дар байни халқҳои Шарқ, алалхусус тоҷикон маъмул аст. Дар Тоҷикистон рубоб сози миллии мусиқӣ ба ҳисоб меравад.

Асосан баъди солҳои 60-ум дар Тоҷикистон навозандагони касбии бомаҳорат дар навохтани рубоб шогирд тайёр намуда, онро ҳамчун сози якканавозӣ ташвиқу тарғиб кардаанд. Имрӯз дар мактабҳои мусиқии Тоҷикистон навъҳои гуногуни навохти сози рубоб таълим дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соле пеш дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО се номина аз Тоҷикистон-Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ҳамчун ҳунари фарҳангӣ ва мероси башарият эътироф гардида, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда буданд.

Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад. Ҳоло дар ин рӯйхат зиёда аз 600 номгуй  зикр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.