Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт

Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷиктабори Қирғизистон ва раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири кору ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати ин кишвар таъйин шудааст. Дар ин бора дирӯз, 4-уми декабр, Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон фармон содир кард ва барои тасдиқ ба парлумони ин кишвар ирсол намуд. Ба навиштаи “news.kg”, таъинот дар доираи навсозии […]

Asia-Plus

Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷиктабори Қирғизистон ва раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири кору ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати ин кишвар таъйин шудааст.

Дар ин бора дирӯз, 4-уми декабр, Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон фармон содир кард ва барои тасдиқ ба парлумони ин кишвар ирсол намуд.

Ба навиштаи “news.kg”, таъинот дар доираи навсозии ҳукумати кишвар ва беҳтар кардани кори вазорат анҷом меёбад. Дар назар аст, ки вазири нав ба масъалаҳои муҳим дар соҳаи кор ва муҳоҷирати аҳолӣ диққат диҳад.

Ёдовар мешавем, ки Равшанбек Собирови 52-сола дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уши Қирғизистон ба дунё омада, аз камтарин сиёсатмадорони тоҷиктабори Қирғизистон аст, ки соли 2011 нахустин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон шуд.

Ӯ соли 2013 боздошт ва бо ҷурми ришваситонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Собиров, ки ҳамеша парвандаашро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва сохаткорӣ донистааст, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.

Собиров моҳи октябри соли 2020 ҳамроҳи тими раиси ҷумҳури кунунӣ Садир Жапаров дигарбора ба ҳукумат баргашт ва муовини сарвазир таъин гардид. Ӯро комилан бегуноҳ эълон карданд. Моҳи феврали соли 2021 аз ин вазифа озод ва мушовири раиси ҷумҳур таъин шуд ва то октябри 2021 кор кард.

Дар интихоботи порлумонии моҳи ноябри соли 2021 аз тарафи ҳизби “Ота Ҷурт – Қирғизистон” вакил интихоб шуд. Моҳи марти соли 2022 раиси Оҷонси миллии сармоягузорӣ таъйин гардид, аммо ҳамагӣ баъди ним сол истеъфо дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.