Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024

Asia-Plus

Як рӯзи таърих – 8 декабр

Соли 1965 – Комбинати калонтарин дар ҷумҳурӣ –  Комбинати шири Душанбе ба истифода дода шуд.

Соли 1991 – Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд. Сарони кишварҳои Русия (Елтсин), Украина (Кравчук) ва раиси Шӯрои Олии Белорус (Шушкевич) Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Шӯравиро бекор карданд.

Соли 2010 – вакилони Парлумони Тоҷикистон якдилона лоиҳаи Қонуни ҶТ  "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул намуданд.

Соли 2010 – Роҳбарони мақомоти мубориза зидди маводи нашъаовари давлатҳои Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон бори нахуст дар Маскав вохӯрда, дар бораи таъсиси “Чоргонаи зиддимухаддиротӣ дар Осиёи Марказӣ” изҳорот қабул карданд.

Соли 2014 – Ҷунбиши динии «Салафия», ки фаъолияти он дар Тоҷикистон аз ҷониби Додгоҳи олӣ дар ибтидои соли 2009 мамнӯъ эълон шуда буд, дар кишвар гурӯҳи ифротӣ эътироф гардид.

Соли 2016 – Дар Душанбе маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ба истифода дода шуд.

Соли 2020 – Олмон ба Тоҷикистон 11 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) бо арзиши 287,5 ҳазор евро тақдим кард. 

Соли 2023 – Бонки Осиёии Рушд гранти 40 миллион доллариро барои таҳкими омӯзиш ва таълими фанҳои техникӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM) дар таҳсилоти миёна тасдиқ намуд.

Шахсиятҳо

1919 – Зодрӯзи Бобо Маҳкамов, ходими давлатии Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ

1949 – Мавлуди Мирзоватан Миров, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, коргардон, оҳангсоз ва овозхон

8 декабр Рӯзи байналмилалии рассомон аст, ки соли 2007 аз ҷониби Анҷумани байналмилалии “Санъати халқҳои ҷаҳон” таъсис дода шудааст. Таваҷҷуҳ ба санъати рассомӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз замони Иттиҳоди Шуравӣ зоҳир мегардид, ки кушода шудани Омӯзишгоҳи рассомии Душанбе ва тарбия ёфтани рассомони бузурги кишвар дар ин мактаб далели бориз аст.

Имрӯз дар кишвар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн ба омода намудани мусаввирон машғул буда, дар саросари кишвар мактабҳои зиёди санъати рассомӣ фаъолият мебаранд. Яке аз рассомони маъруфи кишвар Вафо Назаров аст, ки муддате раиси Академияи мусаввирии кишвар дар Душанбе буд ва 12-уми январи имсол дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Вазъи обу ҳаво барои 8 декабр

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 0-5º хунук то 7-12º хунук, рӯзона -4+1º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 7-12º хунук то 13-18º хунук, рӯзона 3-8º хунук мешавад. 

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º хунук, рӯзона -3+2º мешавад.    

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бошиддат борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз -4+1º то 5-10º хунук, рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3-8º хунук то 12-17º хунук, рӯзона аз -4+1º то 5-10º хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 11-16º хунук то 13-18º хунук, рӯзона аз 0-5º хунук то 5-10º хунук, дар шарқи вилоят шабона аз 22-27º хунук то 30-35º хунук (дар мавзеи Булункӯл то 38-40º хунук), рӯзона аз 8-13º хунук то 13-18º хунук мешавад.     

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борону барф меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2º хунук, рӯзона -1+1º мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борону барф меборад ва дар баъзе нощиящо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3º хунук, рӯзона 0-2º хунук мешавад.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борону барф меборад. Ҳарорати ҳаво шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, барфи суст меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 12-14º хунук, рӯзона 3-5º хунук мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...