Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?

Калеб Одурои африқоӣ муррабии футбол аст. Ӯ солҳост, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва барои наврасони тоҷик ин навъи варзишро тамрин медиҳад. Ҳоло беш аз 30 шогирд дорад. Дар гузашта худаш низ дар чанд тими Тоҷикистон бозӣ кардааст.  Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон Калебро аз рӯи наворе шинохтанд, ки шогирдонашро замони бозии футбол бо забони […]

Эмомалӣ Саидзода, Asia-Plus

Калеб Одурои африқоӣ муррабии футбол аст. Ӯ солҳост, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва барои наврасони тоҷик ин навъи варзишро тамрин медиҳад. Ҳоло беш аз 30 шогирд дорад. Дар гузашта худаш низ дар чанд тими Тоҷикистон бозӣ кардааст. 

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон Калебро аз рӯи наворе шинохтанд, ки шогирдонашро замони бозии футбол бо забони буррои тоҷикӣ сарзаниш мекард, ки хуб бозӣ кунанд. Ин навор дар муддати кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ба мардум писанд омад.

Ҷолиб ин буд, ки як мурабии ҷавони африқоӣ чун муррабиёни дигар бо забони англисӣ ва русӣ не, балки бо тоҷикӣ суҳбат мекард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери навораш ӯро аҳсану офарин гуфтанд. 

"Ман ба хотире бо тоҷикӣ гап мезанам, ки футболбозон маро ҳис кунанд. Онҳое, ки бо русӣ ё бо тарҷума гап мезананд футболбоз тренерро намебинад ё ӯро ҳамчун одами севвум қабул мекунад"​​​​​,- мегӯяд Калеб Одуро.

Калеб Одуро соли 2018 ба Тоҷикистон омад ва дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекард. Бо як тоҷикдухтар шинос шуд ва оила барпо кард. Ҳоло як фарзанд доранд. Мегӯяд дар омӯхтани забони тоҷикӣ ҳамсараш барояш кумак кардааст. Ӯ гуфт ман фарзандамро тоҷик меҳисобам, чунки дар Тоҷикистон таваллуд шудааст ва модараш тоҷик аст. 

Калеб мегӯяд, то имрӯз шогирдони зиёде дар риштаи футбол тарбият кардааст. Умед дорад шогирдони тарбияткардааш дар оянда номбардори Тоҷикистон мешаванд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.