Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 9 декабри соли 2024

Asia-Plus

Як рӯзи таърих – 9 декабр

Соли 1923 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҷаллаи адабии "Звезда" ("Ситора") таъсис ёфт.

Соли 1948 – Ассамблеяи Генералии СММ қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ (генотсид)-ро ҷиноят арзёбӣ кард.

Соли 1992 – байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария робитаҳои дипломатӣ барқарор гардид.

Соли 2004 – Қисмати Помирии сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби Русия ба сарҳадбонони Тоҷикистон супорида шуд. 

Соли 2004 – Дар шаҳри Москва, бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, раҳбари собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров боздошт шуд, ки баъдан ба 23 соли зиндон маҳкум гардид. 

Соли 2009 – Дар шаҳри Турсунзода як амали террористӣ пешгирӣ карда шуд, ки ҳадафи он куштори раиси шаҳр буд. 

оли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи геологияи Тоҷикистонро пас аз бозсозӣ ифтитоҳ кард.

Соли 2015 – Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро қабул намуд. Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон ин қонунро таърихӣ номида, тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон донист.

Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соҳиби Унвони олии Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардид.

Соли 2019 – Раҳбари ҲСДТ Раҳматилло Зоиров президентро даъват намуд, ки барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ гарави интихоботиро бекор намояд. 

Шахсиятҳо

Соли 1918 – зодрӯзи Ибодулло Абдуллоев, дирижёри тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Соли 1926 – мавлуди Рамзия Баккал, раққоса, устоди санъати рақси балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Соли 1926 – зодрӯзи Хушбахт Хушвақтов, Рассоми халқии Тоҷикистон

Соли 1939 – зодрӯзи Талъат Нуруллохоҷаев, пизишки шикастубанд (ортопед), муддате раиси Ҷамъияти илмии ортопедҳои Тоҷикистон

Соли 1948 – мавлуди Ашўрмаҳмад Ғуломов, ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Соли 1957 –  зодрӯзи Бӯрӣ Каримов, сиёсатмадор ва донишманди тоҷики муқими Маскав

Соли 1966 – мавлуди Ҷамолиддин Абдуллозода, сиёсатмадор, табиби тоҷик ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон

 

Санаҳои муҳими ҷаҳонӣ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия аст, ки аз замони тасвиби Конвенсияи Дафтари Созмони Милали Муттаҳид бар зидди фасод дар таърихи 31 октябри соли 2003 ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Моҳи сентябри соли 2015 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ тасмим гирифт, ки 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни наслкушӣ (генотсид), эҳтироми шаъну шарафи онҳо ва пешгирии ин ҷиноят эълон карда шавад. Ин сана ба далели дар ин рӯзи соли 1948 қабул шудани Конвенсияи Ассамблеяи Генералӣ дар бораи пешгирӣ ва ҷазои ҷинояти наслкушӣ интихоб гардид. Конвенсия тасдиқ мекунад, ки наслкушӣ, новобаста аз он ки дар замони сулҳ ва ё ҷанг содир шуда бошад, ҷиноятест, ки қонунҳои байналмилалиро вайрон мекунад ва пешгирӣ ва муҷозотро тақозо мекунад.

9 декабри соли 1968 рӯзи ихтирои муши компютерӣ ҳисобида мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз Дуглас Энгелбарт, ихтироъкори амрикоӣ аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии Стэнфорд дар конфронси абзори рақамӣ дар Сан-Франсиско аввалин муши компютериро дар ҷаҳон муаррифӣ кард.

 

Вазъи обу ҳаво барои 9 декабр

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 0-5º то 7-12º сард ва рӯзона -4+1º пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 7-12º то 13-18º сард ва рӯзона 3-8º сард мешавад.     

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Рӯзонаи ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона -3+2º мешавад. 

Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида бориши барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф шиддат мегирад. Рӯзонаи ҳавои бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз -4+1º то 5-10º сард ва рӯзона -1+4º пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3-8º то 12-17º сард, рӯзона аз -4+1º то 5-10º сард мешавад. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 11-16º то 13-18º сард, рӯзона аз 0-5º то 5-10º сард мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 22-27º то 30-35º (дар мавзеи Булункӯл то 38-40º хунук) ва рӯзона аз 8-13º то 13-18º сард мешавад.      

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8º сард, рӯзона 2+4º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 7-9º, рӯзона 1-3º сард мешавад.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5º сард, рӯзона 5+7º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаа асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 13-15º ва рӯзона 5-7º сард мешавад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...