Оё имзои худро дар Тоҷикистон тағйир додан мумкин аст?

Имзои дастӣ яке аз қадимтарин воситаи муайян кардани шахсияти ҳар нафаре дар саросари ҷаҳон аст. Бо вуҷуди асри технология будани ин замон ва истифодаи одамон аз имзоҳои электронӣ, имзои дастӣ ба ин наздикиҳо ба гузашта намеравад. Муҳиммияти онро ҳама бе ин ҳам мефаҳманд. Оё дар Тоҷикистон метавон имзои худро тағйир дод ё иваз кард? Барои […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Имзои дастӣ яке аз қадимтарин воситаи муайян кардани шахсияти ҳар нафаре дар саросари ҷаҳон аст. Бо вуҷуди асри технология будани ин замон ва истифодаи одамон аз имзоҳои электронӣ, имзои дастӣ ба ин наздикиҳо ба гузашта намеравад. Муҳиммияти онро ҳама бе ин ҳам мефаҳманд.

Оё дар Тоҷикистон метавон имзои худро тағйир дод ё иваз кард? Барои дарёфти посух ба ин савол ба муассиси ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев муроҷиат кардем.

Имзоро иваз кардан мумкин аст

Дар Тоҷикистон имзои шахс тибқи қонун дақиқан танзим намешавад. Яъне дар қонун гуфта намешавад, ки шахс бояд имзои шахсии доимӣ ва тағйирнопазир дошта бошад.

«Аммо бояд дар назар дошт, ки маъмулан имзо дар шиноснома “асосӣ” ҳисобида мешавад ва агар имзои шиноснома аз имзои дигар ҳуҷҷатҳо фарқ кунад, ин метавонад боиси бекор шудани ҳуҷҷат гардад. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки иваз кардани имзо бо иваз кардани шиноснома ҳамзамон анҷом дода шавад», – шарҳ дод Наврӯз.

Чанд нуктаи муҳим

Одатан шиноснома танҳо пас аз анҷоми муҳлати амали он иваз карда мешавад. Агар муҳлати шиносномаи шумо ҳоло дер бошад, лозим меояд, ки интизор шавед. Иваз кардани шиноснома пеш аз муҳлат танҳо дар ҳолати гум шудан ё осеб дидани он мумкин аст.

Пас аз гирифтани шиносномаи нав бо имзои нав, ҳуҷҷатҳо бо имзои пештара эътибори худро гум намекунанд.

Имзо аслан барои ташхиси хати дастӣ (тарзи навишти шахс) истифода мешавад. Агар баҳс пеш ояд, коршиносон натанҳо шакли имзо, балки хусусиятҳои дигар, масалан, тарзи навиштани ҳарфҳоро низ таҳлил мекунанд.

Дар бораи сурат

Қонун танҳо нисбати сурат (акс) дар шиноснома талабот муқаррар кардааст: табассум ва акс гирифтан аз паҳлӯ манъ аст. Аммо дар мавриди имзо маҳдудият вуҷуд надорад. Барои ҳамин, истифодаи рақамҳо, аломатҳо ё ҳатто расмҳо манъ нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио