Маҳдудияти навбатӣ барои муҳоҷирон. Дар Волгоград табибӣ, омӯзгорӣ ва ронандагӣ ба муҳоҷирон манъ шуд

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дар вилояти Волгоград аз соли оянда барои муҳоҷирон кор дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ронандагӣ, тиҷорат, таъмири нақлиёт ва колорасонӣ иҷозат дода намешавад. Дар ин бора қарори дахлдорро Андрей Бочаров, ҳокими ин вилоят имзо кардааст.

Гуфта мешавад, ин маҳдудиятҳо аз соли 2025 ба иҷро медароянд. Кор дар соҳаҳои мазкур танҳо ба муҳоҷирони меҳнатие, ки бо иҷозатнома (патент) кор мекунанд, манъ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти вилояти Волгоград, ин тасмим ба мувозинати рушди бозори меҳнати минтақа ва баланд бардоштани рақобатпазирии корҷӯёни маҳаллӣ мусоидат мекунад.

“Системаи нав инчунин имконият медиҳад, ки ҷараёни ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ танзим шавад ва таваҷҷуҳ ба мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ равона гардад. Чунин мутахассисон, одатан, тибқи дархости корфармо ва раводиди меҳнатӣ кор мекунанд, на бо иҷозатнома (патент)”, – омадааст дар изҳороти мақомоти минтақа.

 

Боз дар кадом минтақаҳои Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд?

Аллакай, чанд сол мешавад, ки кор барои муҳоҷирон дар аксари минтақаҳои Русия маҳдуд мешавад. Танҳо давоми ду ҳафтаи охир чанд минтақа фаъолияти муҳоҷиронро дар бахшҳои мухталиф манъ карданд.

Чанд рӯз пеш, ҳокими вилояти Сахалин Валерий Лимаренко ҳам дар 24 соҳа кор барои муҳоҷиронро манъ карда буд.

Шурӯъ аз соли 2025 дар вилояти Твери Русия низ фаъолияти муҳоҷиронро дар 46 соҳаи дигар манъ мекунанд. Агар дар соли 2024 муҳоҷирони корӣ ҳаққи кор дар 36 бахшро дар ин минтақа надоштанд, дар соли оянда ин феҳрист ба 82 адад мерасад.

Аз ҷумла, дар вилояти Нижний Новгород сар аз соли 2025 кор барои муҳоҷирон дар 37 соҳа, аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хидматрасониҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ то истихроҷи захираҳои маъдан, колорасонӣ, савдо, хӯрокпазӣ, сайёҳӣ, молия, суғурта ва нақлиёт манъ мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳукумат ба корфармоён се моҳ вақт додааст, то коргарони хориҷиро аз кор озод кунанд.

Инчунин дар вилояти Краснодари Русия низ сар аз соли 2025 ба ҷалби нерӯи кории хориҷӣ дар соҳаи сохтмон маҳдудият ҷорӣ мегардад.

Қаблан, Вениамин Кондратев, губернатори вилоят гуфта буд, ки “вақте мо нерӯи кории хориҷиро манъ кардем, 50 дарсади муҳоҷиронро дар сохтмон ба кор гирифтем. Вале дар соли оянда ин маҳдудият дар соҳаи сохтмон низ амалӣ хоҳад шуд”.

Аз ин пештар низ дар як қатор минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон дар чанд соҳаҳо маҳдуд карда буданд. Аз ҷумла, дар вилояти Иркутск ба шаҳрвандони хориҷӣ бо патент фаъолият намудан дар якчанд соҳаҳои калидӣ аз қабили мусофирбарӣ, тиҷорат ва маорифро манъ карданд.

Дар вилояти Омск низ ба муҳоҷирон кор дар таксӣ, соҳаҳои мусофирбарӣ, тиҷорати маводи ғизоӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ, инчунин дар хоҷагии ҷангал ва истеҳсоли доруворӣ манъ мешавад. Соли ҷорӣ дар вилояти Курск низ барои муҳоҷирон кор дар таксӣ манъ гардид.

Қаблан дар зиёда аз 10 минтақа, аз ҷумла вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан ва Челябинск ба фаъолияти  шаҳрвандони хориҷӣ дар баъзе соҳаҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.

Маҳдудиятҳои монанд тақрибан дар сеяки минтақаҳои Русия ба роҳ монда шудаанд.

Муҷаввизи кор (патент)-ро дар Русия шаҳрвандони кишварҳое, ки бе раводид (виза) ба Русия мераванд, мегиранд: ба монанди Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон. Аммо шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), ба монанди Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон, аз гирифтани иҷозатномаи корӣ озод ҳастанд.

Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав манъи кор дар минтақаҳои алоҳидаи Русия барои муҳоҷирон бештар гардид. Ҳамчунин, баъди ин воқеа фишору таъқиб ба муҳоҷирон ҳам авҷ гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...