Сарвазири Қирғизистон аз вазифа рафт

Оқилбек Жапаров,  сарвазири Қирғизистон имрӯз, 16-уми декабр, аз мақом истеъфо дод. Вай бо хоҳиши худ номаи истеъфо навиштааст, хабар медиҳад хабаргузории “Фергана” бо истинод ба расонаҳои Қирғизистон. Дар фармони Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон зикр мегардад, ки сарвазири ҳамакнун собиқ “бинобар сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифааш озод карда шуд”. Аммо дар бораи кори […]

Asia-Plus

Оқилбек Жапаров,  сарвазири Қирғизистон имрӯз, 16-уми декабр, аз мақом истеъфо дод. Вай бо хоҳиши худ номаи истеъфо навиштааст, хабар медиҳад хабаргузории “Фергана” бо истинод ба расонаҳои Қирғизистон.

Дар фармони Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон зикр мегардад, ки сарвазири ҳамакнун собиқ “бинобар сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифааш озод карда шуд”. Аммо дар бораи кори ояндаи Оқилбек Жапаров маълумот дода намешавад.

Нашрияи Kaktus.media бо такя ба манобеъи худ дар ҳукумат низ менависад, ки Жапаров дар робита ба гузаштан ба кори нав мақомашро тарк кардааст. Эҳтимол меравад, ки сиёсатмадор мушовири президенти ҷумҳурӣ таъин шавад.

Ҳамакнун, Одилбек Қосималиев, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали Оқилбек Жапаров кор мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси Девони вазирон ва роҳбари дастгоҳи президенти Қирғизистон таъин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Оқилбек Жапаров аз моҳи июн то октябри соли 2021 дар мақоми муовини нахуствазири Қирғизистон кор карда, ин мақомро бо раҳбарияти вазорати иқтисод ва молия муттаҳид мекард. 13-уми октябри ҳамон сол бо пешниҳоди Содир Жапаров аз ҷониби муовинҳо раиси ҳукумат ва ҳамчунин роҳбари дастгоҳи президент таъин гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.