СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2024

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 ДЕКАБР

Соли 1960 – Дар Норак шаҳри энергетикҳо таъсис дода шуд, ки дар наздикиаш нерӯгоҳи барқии ба номи Т.Ӯлҷабоев сохта шудааст.

Соли 2002 – Раванди ба тобеияти Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани дастаи марзбонони Мурғоб ба анҷом расид.

Соли 2006 – Тоҷикистон ба Созишнома дар бораи таъсиси Маркази иттилоотии ҳамоҳангсозии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо дар Осиёи Марказӣ ҳамроҳ шуд.

Соли 2010 – Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун “Дар бораи манъи истифодаи тамоку”-ро тасдиқ намуданд.

Соли 2019 – Додгоҳи Душанбе чаҳор пулиси тоҷикро дар шиканҷа ва сӯиистифода аз мақом гунаҳкор дониста, аз 7 то ба 17 соли зиндон маҳкум кард.

Соли 2020 – Пас аз 30 соли бефаъолиятӣ корхонаи истеҳсоли орд дар Душанбе ба кор даромад.  

Соли 2020 – Ҳукумати шаҳри Душанбе лоиҳаи нави “Боғи ҳайвонот”-ро муаррифӣ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1908 – Зодрӯзи Гулчеҳра Бақоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Гулчеҳра Бақоева яке аз ҳунарпешаҳои маъруфи синамо ва театр буда, садҳо нақши занони ҷасуру мубориз ва софдилро иҷро намудааст.

Фаъолияташ соли 1927 дар театри сайёри Бухоро оғоз ёфта, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ давом медиҳад. Нақшҳои Марина Мнишек дар “Борис Годунов”, Леди Милфорд дар “Макр ва муҳаббат”, Ҷаннатхон дар “Тӯҳмат”, Қумрӣ дар “Калтакдорони сурх”, Таҳмина дар “Рустам ва Суҳроб”, Эмилия, доя дар “Отелло”, кампири мутаассиб Иқлимбону дар “Саодат”, Ҷаҳонхола дар “Оршин-мололон” иҷро кардааст.

Ӯ 17 марти соли 1975 дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1939 – Мавлуди Амир Хошок, шоир

Соли 1944 – Зодрӯзи Амонбек Шоҳзода, шоир

Соли 1957 – Мавлуди Хурмо Ширинова, сарояндаи сурудҳои эстрадӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Хурмо Ширинова яке аз маҳбубтарин овозхонҳои тоҷик аст. Фаъолияти эҷодии ӯ дар ансамбли эстрадии “Гулшан” оғоз гардидааст. Хурмо дар солҳои 1980-ум яке аз машҳуртарин сарояндагони сурудҳои эстрадӣ буд ва “Ман омадаам”, “Маҳбубаи ҷон”, “Ширин-ширин”, “Фаромӯш макун”, “Даври ҷавонӣ”, “Масӯзон”, “Ману дарё”, “Дунё манам”, “Ҷаҳони ман”, “Кабки дарӣ”, “Ишқи синасӯз”, “Дидор набинам”, “Кафтараки ман”, “Боди насим”, “Қиссаи вафо”, “Дунёи дил” аз қабили марғубаш таронаҳояш маҳсуб меёбанд. Махсусан, сурудҳои “Ману Дарё” ва “Кафтараки ман” шуҳрати овозхонии хурмо Шириноваро дучанд боло бурдаанд.

 

Ӯ пас аз омадан ба ансамбли эстрадии “Гулшан” бо Рустам Раҳимов, ки дар ин ансамбл ҳамчун навозандаи созҳои зарбӣ фаъолият мекард, дил баст ва хонадор шуд. 

Мутассифона, Хурмо Ширинова соли 1998 дар айёми гулшукуфти ҳунар, дар айёме, ки ҳанӯз орзуи тавлиди сурудҳои нав ба нав зиёд буданду пораоҳангҳои нотамом дар интизори такмил шудан буданд, аз бемории саратон ин дунёро падруд гуфт.

Соли 1968 – Мавлуди Виктор Никулин, журналист аст, ки соли 1996 дар шаҳри Душанбе кушта шуд

Соли 2014 – Суҳроб Қосимов, яке аз фармондеҳони бонуфузи фронти халқии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз олам даргузашт.

Имрӯз рӯзи байнамилалии фатҳи қуллаҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни натанҳо кӯҳнавардон, балки тамоми шахсонест, ки дар ҳаёти шахсиву касбӣ қуллаеро фатҳ мекунанд.

 

Гумон меравад, ки аввалҳо номи ин ҷашн ба маънои маҷозӣ фаҳмида ва ҷашн гирифта намешуд. Яъне ин ҷашн маҳз аз ҷониби дӯстдорони кӯҳнавардӣ таъсис дода шуд, ки дар ин рӯз қуллаҳои нави забтшударо ҷашн мегирифтанд. Аммо баъдтар ҷашн маънои васеътар пайдо кард ва ҳамчун синоними расидан ба ҳадаф дар байни мардум маъмул шуд.

16 декабр рӯзи таъсисёбии бошгоҳи футболи Милан аст. Он соли 1899 аз ҷониби Алфред Эдвардс, зодаи Бритониё таъсис ёфтааст. Ҳерберт Килпин аввалин капитани дастаи Милан шуд. Маҳз ӯ либоси клуб ва рангҳои он: сиёҳ ва сурхро таҳия кардааст.

Имрӯз бошгоҳи футболи касбии итолиёвии “Милан” яке аз бошгоҳҳои маъруфи ҷаҳон буда, ба даҳгонаи сердаромадтарин бошгоҳҳои футбол дар ҷаҳон шомил аст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз -2+3º то 3-8º сард, рӯзона аз -3+2º то 0-5º ард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7º то 10-15º сард, рӯзона аз -3+2º то 2-7º сард     

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст

Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз 2+7º гарм то 2-7º сард, рӯзона аз 2+7º гарм то -1+4º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз -1+4º то 7-12º сард, рӯзона аз 2+7º гарм то -4+1º

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда ва бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад

Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз -2+3º то 3-8º сард, рӯзона аз 1+6º гарм то -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -3+2º то 9-14º сард, рӯзона аз -1+4º то 1-6º сард 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона аз 1-6º то 7-12º сард, рӯзона аз 1+6º гарм то 1-6º сард, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард (дар м.Булункӯл то 33-35º хунук), рӯзона аз 5-10º то 10-15º сард  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, бориши барф ва фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад

Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона -1+1º

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда ва бориши барф пешгӯӣ мешавад

Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 2-4º сард

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши барф дар назар аст.

Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона -1+1º

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.

Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона 0-2º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...