Размикори тоҷик Доробшоҳ Наботов натавонист ба UFC роҳ ёбад. Кӣ монеъа шуд?

Размикор аз Тоҷикистон Доробшоҳ Наботов дар муҳорибае, ки имзои қарордодаш бо UFC ба он вобаста буд, ба шикаст дучор шуд. Ӯ дар қувваозмоӣ бо размикор аз Бразилия Матеус Камило мағлуб шуд. Рақобат миёни Наботов (9-1) ва Камило (9-2) дар Коян (Кореяи Ҷанубӣ) дар доираи мусобиқаи ZFN 2 баргузор шуд. Рақобати варзишгарон дар вазни сабук тамоми […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Размикор аз Тоҷикистон Доробшоҳ Наботов дар муҳорибае, ки имзои қарордодаш бо UFC ба он вобаста буд, ба шикаст дучор шуд. Ӯ дар қувваозмоӣ бо размикор аз Бразилия Матеус Камило мағлуб шуд.

Рақобат миёни Наботов (9-1) ва Камило (9-2) дар Коян (Кореяи Ҷанубӣ) дар доираи мусобиқаи ZFN 2 баргузор шуд. Рақобати варзишгарон дар вазни сабук тамоми муддати вақти пешбинишуда идома ёфта, бо қарори якдилонаи доварон Матеус ғолиб дониста шуд. Ғолиби ин рақобат барои имзои қарордод бо лигаи пурӯртарини ҷаҳон – UFC имкон пайдо мекунад.

Дар ин мусобиқа иштироки роҳбари Лигаи UFC дар назар буд, вале бинобар сабаби рӯйдодҳои сиёсӣ дар ин кишвар ӯ аз сафар даст кашид.

Доробшоҳ Наботов рақобати охирини худро муқобили Мурод Биларов моҳи ноябри соли 2023 дар мусобиқаи AMC Fight Nights 122 гузаронид. Ин рақобат тамоми вақти пешбинишуда сурат гирифта, бо қарори якдилонаи доварон ба фоидаи Доробшоҳ анҷом ёфт. Доробшоҳ 9 рақобат гузаронида, дар ягонтоаш мағлуб нашудааст.

Матеус Камило охирин бор моҳи октябри соли равон дар мусобиқаи Tuff-N-Uff 139 муқобили Ҷонаски Соҷо ба толор баромада буд. Ин рақобат тамоми вақти пешбинишуда сурат гирифта, бо қарори якдилонаи доварон ба фоидаи Матеус анҷом ёфт. Матеус 10 рақобат гузаронида, 8 ғалаба ва 2 бохт дорад.

Акнун дар муҳорибаҳои омехта Наботов 9 ғалаба ва 1 бохт ва Камило бошад, 9 ғалаба ва 2 бохт доранд.

Натиҷаи манфӣ ҳам дастовард аст

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш размикори тоҷики ММА Доробшоҳ Наботов ба нишасти матбуотии UFC дар Абу-Даби омада, бевосита аз Дана Уайт дархост намуд, ки бо ӯ қарордод ба имзо расонад.

Дар навбати худ Дана Уайт изҳор намуд, ки дар сурати ғалаба дар мусобиқаи ZFN 2, ба размикор барои қарордод бо UFC имкон дода мешавад.

Дар мусоҳибаи пас аз муҳориба Доробшоҳ гуфт, ки ин натиҷа гарчанде манфӣ бошад ҳам, як таҷрибаи бузург ва марҳилаи нав дар фаъолияти варзишии ӯст.

Гарчанде ки Доробшоҳ ҳадафи худро пурра амалӣ карда натавонист, ба он хеле наздик шуд. Чизи муҳим ин аст, ки ӯ рӯҳафтода нашуда, кори худро идома диҳад.

Агар ӯ бо ҳамин иродаи қавӣ пеш равад, имкони навбатии пайвастан ба UFC дар оянда аз эҳтимол дур нест. Бахусус, ки ҳоло номи ӯ шинохта шудааст ва ин маънои онро дорад, ки ҳама чиз ҳоло аз даст нарафтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.