Ҷасади як сокини Бадахшон пас аз шаш моҳ пайдо шуд

Ҷасади як сокини ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз шаш моҳи гум шудан, аз дарё пайдо шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ менависад, ки Барақбоев М. сокини 67-солаи деҳаи Ямчуни ҷамоати Питупи ноҳияи Ишкошим ва соҳиби 6 фарзанд буд. Ӯ корманди шифохона буда, рӯзи 4-уми июни соли 2024, баъди кор лаб – […]

Asia-Plus

Ҷасади як сокини ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз шаш моҳи гум шудан, аз дарё пайдо шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ менависад, ки Барақбоев М. сокини 67-солаи деҳаи Ямчуни ҷамоати Питупи ноҳияи Ишкошим ва соҳиби 6 фарзанд буд. Ӯ корманди шифохона буда, рӯзи 4-уми июни соли 2024, баъди кор лаб – лаби рӯдхона ба манзилаш мерафта, вале бедарак гаштааст.

КҲФ гуфтааст, ки гум шудани ин мард ҳамаро ба ташвиш оварда буд.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди кофтукови такрорӣ мақомот рӯзи 14-уми декабр ҷасади ин мардро пайдо карда, ба пайвандонаш супурдаанд.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ҳар сол даҳҳо нафар бо сабабҳои гуногун дар дарёҳо ғарқ ва ба ҳалокат мерасанд. Тибқи иттилоъи КҲФ танҳо дар 6 моҳи соли 2024 бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 86 нафар ба ҳалокат расиданд.

Чанде пеш низ дар шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, ронандааш нопадид гаштааст. Мақоомт гуфта буданд, ки ронанда 54-сол дошта, сокини деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон буд. Гуфта мешуд, ӯ ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Пиш ба сӯи деҳаи Даштак идораи автомашинаи тамғаи "Танген"-ро аз даст дода, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Наҷотдиҳандагон маълум кардаанд, ки танҳо дар мошин худи ронанда қарор доштааст, вале ӯро пайдо накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.