Ҳалокати 17 нафар дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ дар соли равон

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 636 ҳодисаи хатарноки табиӣ рух додааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд.

Бар асари ин ҳодиса 17 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар натиҷаи 50 офати табиӣ ба маблағи зиёда аз 161 млн сомонӣ зиёни иқтисоди расонида шудааст.

Дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ 557 ҳолдисаи хатарноки табиӣ ба қайд гирифта шуда, аз 48-тои он ба маблағи ҳудуди 77 млн сомонӣ зарар расидааст. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари онҳо 51 нафарро ташкил дод.

Тайи 10 соли ахир дар Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ сабт шуда, дар натиҷа 411 нафар осеб диданд. Маблағи зарар дар ин давра беш аз 500 млн долларро ташкил дод.

Тавре ки қаблан зикр гардида буд, шумори ҳолатҳои фавқулода дар ин даҳсола 2,3 баробар ва ҳаҷми зарар – 1,2 баробар афзудаст.

“Бинобар сабаби мавқеи ҷуғрофӣ, ки 93%-и қаламрав аз кӯҳҳо иборат аст ва ҳамчунин бар асари тағйирёбии иқлим, Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ хеле осебпазир аст”, – изҳор дошта буд моҳи сентябр раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи IX вазирон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ).

Дар робита ба ин хатарҳо, дар ҷумҳурӣ лоиҳаи “Харитаи роҳ” оид ба сохтмони манзили тобовар ба офатҳои табиӣ фаъолона таҳия мешавад.

Дар лоиҳаи мазкур, ки бо дастгирии Бонки осиёии рушд таҳия мешавад, роҳандозии маҷмӯи тадбирҳо оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва пайгирӣ (мониторинг)-и манзил, бахусус дар деҳот пешбинӣ шудааст. Корҳои таҳияи лоиҳа бояд то охири сол ба охир расонида шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...