Омодагӣ ба интихобот. Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман мегузаронад

Рӯзи 20-уми декабр Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) анҷумани навбатии худро баргузор мекунад. Дар ин бора аз ин ҳизб ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, дар анҷуман масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонии оянда ва ширкати номзадҳо дар он баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, анҷуман соати 10:00 дар толори Қасри варзиши шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. ҲДТ дар моҳи […]

Asia-Plus

Рӯзи 20-уми декабр Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) анҷумани навбатии худро баргузор мекунад. Дар ин бора аз ин ҳизб ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, дар анҷуман масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонии оянда ва ширкати номзадҳо дар он баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, анҷуман соати 10:00 дар толори Қасри варзиши шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

ҲДТ дар моҳи майи соли равон шоҳиди як тағйироти ҷиддии дохилӣ шуд. Гурӯҳе худро ҳамчун узви ҲДТ эълон карда, Саидҷаъфар Усмонзода роҳбари он ва вакили парлумонро барканор ва Шаҳбози Аброр, рӯзноманигори ҷавонро раис интихоб карданд.

Саидҷаъфар Усмонзода ин тағйиротро ғайриқонунӣ хонда, ба Вазорати адлия барои ҳалли масъала муроҷиат карда буд. Вале ин ниҳод номзадии Шаҳбози Аброрро ҳамчун раиси ҲДТ тасдиқ кард.

Баъди чанд рӯз Саидҷаъфар Усмонзода, ки ҳамчунин вакили парлумон аз ҲДТ буд, аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон барои талоши табаддулот ва ғасби қудрат боздошт гардид. Баъдан Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини аввали ӯ дар ҳизб ва чанде аз дигар чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ низ дастгир шуданд.

Баъди боздошти Аҳмадшоҳ Комилзода, ба ҷои ӯ Алишер Идизода, рӯзноманигори тоҷик, муовини аввали раиси ин ҳизб интихоб гардид.

Бояд гуфт, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ягонтоаш барнома ва номзадҳои худро эълон накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.