Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст

Вазорати адлияи Тоҷикистон пас аз омӯзиш қарорҳои дахлдори Анҷумани ғайринавбатии XVIII Ҳизби демократи Тоҷикистонро тасдиқ ва нусхаи санади расмии бақайдгирии ҳизби сиёсиро ба номи раиси тозаинтихоби ҳизб Шаҳбози Аброр ба Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон ирсол кардааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дода, менависад, дар мактуби расмии Вазорати адлия омадааст, ки “Ҳизби демократи Тоҷикистон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Вазорати адлияи Тоҷикистон пас аз омӯзиш қарорҳои дахлдори Анҷумани ғайринавбатии XVIII Ҳизби демократи Тоҷикистонро тасдиқ ва нусхаи санади расмии бақайдгирии ҳизби сиёсиро ба номи раиси тозаинтихоби ҳизб Шаҳбози Аброр ба Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон ирсол кардааст.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дода, менависад, дар мактуби расмии Вазорати адлия омадааст, ки “Ҳизби демократи Тоҷикистон минбаъд фаъолияти оинномавии худро тибқи оинномаи ҳизб идома диҳад”.

Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон 10-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар ҷараёни он, фаъолияти раҳбари, инак, собиқи ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода, ки ҳамзамон ягона вакили парлумон аз ин ҳизб аст, “ғайриқаноатбахш” баҳогузорӣ шуд. Саидҷаъфар Усмонзода, ки дар ин анҷумани ғайринавбатӣ иштирок накард, аз курсии раиси ҳизб барканор шуд. Ӯ анҷуман ва қарорҳои онро ғайриоинномавӣ номид.

Шаҳбози Аброр, раиси ҳамакнун тозаинтихоб ва аз ҷониби Вазорати адлия эътирофшудаи ҲДТ то ҳол муфассал дар ин бора чизе нагуфтааст.

Аммо Саидҷаъфар Усмонзода, имрӯз зимни сӯҳбати телефонӣ бо “Азия Плюс” гуфт, ҳоло тасмими минбаъдаро нагирифтаанд ва пас аз машварат дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲДТ хулоса хоҳанд кард, ки ба додгоҳ муроҷиат кунанд ё воқеиятро қабул намоянд.

“Вазорати адлия ба мактуби ман то ҳол посух надодааст. Ҷавоби онро интизор хоҳем буд”,-гуфт Саидҷаъфар Усмонзода.

Ӯ қаблан зикр карда буд, ки ҳар хулосае, ки Вазорати адлия диҳад, қабул хоҳад кард. Аммо ҳоло зикр мекунад, ки “анҷуман ғайриқонунӣ буд, бояд  Вазорати адлия мактубу далелҳое, ки пешниҳод карда будем, ба назар мегирифтанд”.

“Ҳоло тасмим дорем ҳамроҳи Шӯрои сиёсӣ машварат кунем ва хулосаи ниҳоиро барорем. Дар асоси пешниҳодҳои аъзои Шӯрои сиёсӣ, мумкин аст ба додгоҳ муроҷиат кунем ва ё воқеиятро қабул намоем”, – таъкид кард Саидҷаъфар Усмонзода.

Ёдовар мешавем, ки буҳрони навбатӣ дар сафи ҲДТ аввали моҳи май сар зад. Он замон чанде аз аъзоёни ҳизб ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор карда, қарори даъвати анҷумани ғайринавбатиро қабул карданд.

Онҳо ангезаи даъвати анҷумани ғайринавбатиро ба “беамалии роҳбарияти ҳизб ва ба таври дахлдор фаъолият накардани” марбут донистанд.

Саидҷаъфар Усмонзода он замон дар саҳифаи “Фейсбук”-аш навишт, ки “гурӯҳи номаълум бо сардории Шаҳбози Аброр ва Юлдошев Абдуҷаббор мехоҳанд рӯзи 11 майи соли 2024 анҷумани ғайринавбатии ҲДТ-ро баргузор кунанд, ки ин рафтори ғайриоинномавӣ буда, ба Шӯрои сиёсии ҲДТ алоқаманд нест”.

Новобаста ба ин, рӯзи 11-уми май анҷумани ғайринавбатӣ баргузор шуд ва иштирокдорони он Саидҷаъфар Усмонзодаро аз вазифа барканор ва ба ҷойи ӯ Шаҳбози Аброрро раиси нави ҲДТ интихоб карданд.

Пас аз баргузории анҷуман Усмонзода онро ғайриқонунӣ ва худро роҳбари қонунии ҳизб хонда, гуфт, интизори баҳои ҳуқуқии Вазорати адлия ба ин амал аст.

Дар хухуси ихтилофу кашмакашҳои навбатӣ дар Ҳизби демократи Тоҷикистон аз матлаби “Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?” маълумоти бештар метавонед пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.