Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид

Дирӯз, 30-юми май, дар Эрон сабтиноми довталабон барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ оғоз гардид. Интихоботи зудҳангом дар Эрон баъди он ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар чанд рӯз қабл дар пайи сонеҳаи чархбол ба ҳалокат расид, баргузор мегардад. Тибқи иттилои хабаргузории “Тасним”, дар рӯзи аввал 30 нафар барои сабтином дархост ироа кардаанд, […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дирӯз, 30-юми май, дар Эрон сабтиноми довталабон барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ оғоз гардид. Интихоботи зудҳангом дар Эрон баъди он ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар чанд рӯз қабл дар пайи сонеҳаи чархбол ба ҳалокат расид, баргузор мегардад.

Тибқи иттилои хабаргузории “Тасним”, дар рӯзи аввал 30 нафар барои сабтином дархост ироа кардаанд, аммо ҳамагӣ панҷ номзад сабтином шудааст. Имрӯз як нафари дигар сабти ном шудааст. Дар умум, то ҳол 6 нафар тавонистаанд худро ҳамчун номзад ба курсии расёсатҷумҳур сабтином кунанд:

Саид Ҷалилӣ, дабири собиқи Шӯрои олии амнияти Эрон,

Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини маҷлиси Эрон,

Муҳаммадризо Сабоғиён, намояндаи шаҳри Бофқ дар маҷлиси шӯрои исломӣ,

Аббос Муқтадоӣ, намояндаи мардуми Исфаҳон дар маҷлиси Шӯрои исломӣ,

Мустафо Кавокибиён, дабири кулли Ҳизби мардумсолорӣ дар Эрон,

Қудраталӣ Ҳашматиён, раиси Хонаи ҳизбҳои Эрон.

Ин ҳоло рӯйхати ниҳоӣ нест ва ба эҳтимоли зиёд дар рӯзҳои баъдӣ номзадҳои дигар сабти ном хоҳанд шуд. Рӯйхати ниҳоии номзадҳо ба мақоми президентии Эронро 11 июн Шӯрои нигаҳбони Конститутсия, ки аъзои ӯ таъйин ё аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии ин кишвар тасдиқ мешавад, нашр хоҳад шуд.

Интихоботи раиси ҷумҳур бошад, 28-уми июн доир мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.