Боз як тағйирот дар Ҳизби демократи Тоҷикистон. Ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода муовини нав интихоб шуд

Алишер Идизода, хабарнигори тоҷик ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода, ки то ин дам муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) буд ва ҳоло дар боздошт аст, муовини аввали раиси ин ҳизб интихоб шудааст. Дар ин бора аз ҲДТ ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Аз ин ҳизб гуфтанд, Алишер Идизода дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб, ки дирӯз, 18-уми […]

Алишер Идизода, хабарнигори тоҷик ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода, ки то ин дам муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) буд ва ҳоло дар боздошт аст, муовини аввали раиси ин ҳизб интихоб шудааст. Дар ин бора аз ҲДТ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аз ин ҳизб гуфтанд, Алишер Идизода дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб, ки дирӯз, 18-уми ноябр баргузор шуд, муовини аввали раис интихоб шуд.

Алишер Идизода ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода, ки то ин дам муовини аввали раиси ҳизб буд ва аз моҳи июли соли равон дар боздошт аст, интихоб гардид. Ӯ бародари Искандари Хатлонӣ, рӯзноманигори шаҳири тоҷик аст.

Алишер Идизода 57-сола ва хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси забон ва адабиёти рус аст. 

Ӯ аз соли 2018 устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошад. 

Идизода чандин сол дар Телевизиони Тоҷикистон ва  Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати маориф ва илми  Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ва Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон кор кардааст

Ҳамчунин, дар ҷаласаи дирӯза Фатҳиддин Солеҳов, раиси ҲДТ дар шаҳри Душанбе ва узви Шӯрои сиёсии ҳизб, Мурассаъ Наврӯзқулов раиси ҲДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ва Сунатулло Усмонов раиси ташкилоти ҷавонони ҲДТ интихоб шудаанд.

Ҳамзамон, дар чанд ташкилоти шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб роҳбарони нав интихоб шуданд.

Дар моҳи майи соли равон ҲДТ ба буҳрони роҳбарӣ рӯбарӯ шуд. Гурӯҳе худро ҳамчун узви ҲДТ эълон карда, роҳбари он Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор ва Шаҳбози Аброр, рӯзноманигори ҷавонро раис интихоб карданд. Аҳмадшоҳ Комилзода дар ин ҷаласа ширкат дошт ва номзадии Шабҳбози Аброрро ба раисӣ пешниҳод кард.

Саидҷаъфар Усмонзода ин тағйиротро ғайриқонунӣ хонда, ба Вазорати адлия барои ҳалли масъала муроҷиат карда буд. Вале ин ниҳод номзадии Шаҳбози Аброрро ҳамчун раиси ҲДТ тасдиқ кард.

Баъди чанд рӯз Саидҷаъфар Усмонзода, ки ҳамчунин вакили парлумон аз ҲДТ буд, аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон барои талоши табаддулот ва ғасби қудрат боздошт гардид. Баъдан Аҳмадшоҳ Комилзода ва чанде аз дигар чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ низ дастгир шуданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки боздошти ҳамаи онҳо ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт дорад.

Ҳоло мурофиаи додгоҳии ин нафарон дар Боздоштгоҳи муваққатии пушти дарҳои баста идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.