Доруҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон худро аз онҳо эмин нигоҳ дошт?

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сокинони Тоҷикистон гоҳ-гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сифати доруҳои харидаашон шикоят карда, зикр мекунанд, ки  онҳо таъсири лозимӣ надоранд ё шояд қалбакӣ бошанд.

 

Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки шумо доруи қалбакӣ харидаед?

Маслиҳати муҳимтарин: пеш аз харидани дору ба бастабандии он диққат диҳед – он бояд беосеб ва дар дохилаш дастурамали истифодаи он мавҷуд бошад. Ҳамчунин яке аз тарзҳои дигари муайян кардани сифати дору санҷидани гувоҳнома (сертификат) аст.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар доданд, пеш аз ворид шудан ба бозори Тоҷикистон, тамоми доруҳо аз санҷиши ҷиддӣ мегузаранд. Доруҳо қабл аз ворид шудан ба Тоҷикистон дар кишвари истеҳсолкунанда низ санҷида мешаванд.

Ҳангоми воридот ба кишвар, то санҷиш онҳо дар анборҳои муваққатии Хадамоти гумрук нигоҳ дошта шуда, танҳо пас аз гузаронидани таҳқиқот дар озмоишгоҳ (лаборатория) ва гирифтани гувоҳнома аз ҷониби Хадамот ба муомилот бароварда мешаванд.

Илова бар ин, дар ширкатҳои дорусозӣ (фармасевтӣ) ва дорухонаҳо низ мунтазам сифати нигоҳдории доруҳо санҷида мешавад.

Дар ҳолати ошкор намудани фурӯши доруи қалбакӣ ё худ сохта аз ҷониби дорухона, фавран ба Хадамоти назорати давлатӣ муроҷиат кунед.

Барои муайян кардани аслӣ (ҳақиқӣ), бехатар ва хушсифат будани дору бо дархости шумо, он ба  КВД “Ташхис ва озмоиши маҳсулоти дорусозӣ (фарматсевтӣ) ва маснуоти таъиноти тиббӣ” фиристода мешавад.

Дар Хадамот зикр карданд, ки барои назорати сифат аз меъёрҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, истифода мешавад. Муҳлати кӯтоҳтарини санҷиши сифат ҳангоми муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 30 рӯзро ташкил медиҳад.

“Дар ҳолати ошкор шудани доруи қалбакӣ, ба роҳбари дорухона мутобиқи қисми 1 моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ айбнома пешниҳод мегардад. Доруҳои қалбакӣ пурра аз муомилот гирифта шуда, ба комиссияи салоҳиятдори байниидоравии Хадамоти назорат супурда мешаванд.

Дар Хадамот ҳамчунин изҳор доштанд, ки ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад, ки барои муайян кардани таркиб ва сифати доруи харидааш онро дар озмоишгоҳи Хадамот санҷад.

Озмоишгоҳҳои хидматрасонӣ шаҳри Душанбе, маркази маъмурии Вазорати тандурустӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Кӯлоб амал мекунанд.

Пас аз анҷоми таҳқиқот ё худ санҷиш, шумо ҳамчун муроҷиаткунанда метавонед натиҷаро дарёфт кунед. Барои ин ба Хадамоти назорат муроҷиат кардан зарур аст.

 

Талаби гувоҳнома ба дору – ҳаққи шумост!

Ба масъалаи гувоҳномаҳо бармегардем. Шаҳрванд ҳангоми хариди дору ба талаби гувоҳномаи мутобиқат ҳуқуқ дорад. Он бояд дорои маълумоти зерин бошад: номи тиҷоратӣ ва байналмилалии дору, номи ширкат ва кишвари истеҳсолкунанда, маълумоти дигар, аз ҷумла тасдиқи аз назорати дахлдор гузаштани ҳамаи миқдори ин дору (шиносномаи шуъбаи назорати техникӣ (ОТК), гувоҳномаи сифат аз истеҳсолкунанда ё протоколи таҳлил, номи ташкилоте, ки таҳқиқотро анҷом ва ҳуҷҷат додааст).

Агар мудири дорухона аз пешниҳод кардани гувоҳномаи мутобиқат сарпечӣ кунад, шумо метавонед бо арзу шикоят ба Хадамоти назорати давлатӣ муроҷиат кунед.

Боз як чизи муҳим. Агар пас аз хариди дору ба сифати он шубҳа пайдо шаваду онро баргардонидан мехоҳед, лекин дар дорухона онро бозпас қабул намекунанд, дар ин ҳолат ҳам метавонед ба Хадамот муроиҷт кунед, зеро мутобиқи банди 47-и фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон №644 аз 18 ноябри соли 2008 “ба муассисаҳои дорухона қабули доруҳое, ки қаблан ба шахсони воқеӣ фурӯхта шудаанд, манъ аст".

Доруҳои қалбакӣ ё худ сохта ва қочоқӣ доруҳое мебошанд, ки тариқи ғайриқонунӣ ба кишвар ворид мешаванд. Дар Қонуни ҶТ “Дар бораи воситаҳои доруворӣ, маснуоти таъиноти тиббӣ ва фаъолияти дорусозӣ (фрмасевтӣ)” аз 19 июли соли 2022, №1893, фасли 1, моддаи 1, банди 6 мафҳуми воситаи дорувории қалбакӣ тариқи зайл шарҳ дода шудааст: воситаи дорувории қалбакӣ воситаест, ки дар бораи таркиб ва истеҳсолкунандаи дору маълумоти маълумоти нодуруст (носаҳеҳ) дорад.

 

Чӣ бояд кард, агар  доруи қалбакӣ ба саломатӣ зарар расонад?

Дар Хадамоти назорати давлатӣ зикр карданд, ки то имрӯз ба онҳо дар бораи аз воситаҳои доруворӣ осеб дидан ё ҳалокати касе муроҷиат нашудааст.

“Бале, ҳолатҳое мешаванд, ки вақти санҷишҳо дар дорухонаҳо доруҳои муҳлати истифодаашон гузашта ошкор мешаванд, лекин дар бораи аз онҳо зарар расидан ё ҳалок шудани касе ягон далел ба қайд гирифта нашудааст”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Хадамоти мазкур.

Дар ҳамин ҳол, дар Хадамот аз ду ҳодисаи соли 2022, ки дар он шаҳрвандон бобати хусусияти шубҳаноки воситаҳои доруворӣ муроҷиат краданд, ёдовар шуданд. Дар ин ҳолатҳо пас аз ташхис дар озмоишгоҳ муайян карда шудааст, ки доруҳо ба талабот мувофиқ буда, лекин худи шаҳрвнадон онро нодуруст истифода кардаанд.

Дар ҳама гуна ҳолат зимни пайдо шудани мушкилоти марбут ба доруҳои харида шумо метавонед ба Хадамот тариқи рақами 888000303, суроға: ш. Душанбе, кӯч. Навоӣ, 5/5 (дар наздикии Вазорати меҳнат ва ҳиязи иҷтимоии аҳолӣ) ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунед.

 

Барои воридот ва фурӯши доруҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст?

“Воридоти ғайриқонунӣ, истеҳсол, ба муомилот баровардани дорувории тиббии пастсифат, қалбакӣ ва доруҳое, ки ба талаботи муқарраршуда меъёрҳои дорувории тиббӣ ҷавобгӯ нестанд, ё дорувории тиббии муҳлати истифодааш гузашта бо ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда -72 сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо дода мешавад.

Агар ҷиноят дар ҳаҷми ниҳоят зиёд содир гардида ё б марги боиси марги инсон сабаб шуда бошад, ё ба дигар оқибатҳои вазнин боис гардида бошад, бо маҳруммият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум гардидан аз ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан аз фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо дода мешавад. Ин дар Қонуни ҶТ “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ (дорусозӣ)” зикр шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...