Душанбе чӣ гуна Соли навро истиқбол мегирад?

Шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат ба истиқболи Соли нави 2025 омода мешавад. Дар маркази диққат арчаи бошукӯҳи солинавӣ қарор дорад, ки дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт қомат афрохтааст. Ин арчаи азим бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр на танҳо бо андозааш таваҷҷуҳро ҷалб мекунад, балки бо ороиши худ – чароғҳои рангоранги иллюминатсионӣ ва бозичаҳои […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат ба истиқболи Соли нави 2025 омода мешавад. Дар маркази диққат арчаи бошукӯҳи солинавӣ қарор дорад, ки дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт қомат афрохтааст.

Ин арчаи азим бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр на танҳо бо андозааш таваҷҷуҳро ҷалб мекунад, балки бо ороиши худ – чароғҳои рангоранги иллюминатсионӣ ва бозичаҳои зебои солинавӣ чашмҳоро мебарад.

Атрофи арча ба як шаҳраки афсонавии солинавӣ табдил ёфтааст. Дарвозаҳои рамзӣ бо навиштаҷоти "2025" ба меҳмонон хушомад мегӯянд. Манзараи идона бо аркҳои рангоранг, арчаҳои хурди сабз, одамчаҳои барфии табассумкунанда ва хонаи пуррамзу рози бобои барфӣ пурра мегардад.

Барои хурдсолону наврасон персонажҳои дӯстдоштаи филмҳои тасвирӣ ва чархофалакҳои рангоранг шодӣ мебахшанд.

Волидон бо дӯрбинҳои телефонӣ лаҳзаҳои хотирмонро сабт мекунанд. Ҷавонон дар назди ороишоти идона акс мебардоранд. Дар ин фазои идона калонсолон низ зиёданд ва табассуми самимӣ ба ин зебоӣ менигаранд. Агарчи ҳаво сард аст, вале фазои идона сокинону меҳмонони пойтахтро гирди ҳам ҷамъ овардааст.

Бояд гуфт, ки дар моварои соли нави 2025 дар 4 ноҳияи Душанбе арчаҳои солинавӣ ниҳода шудаанд: назди биноҳои Театри опера ва балет, Сирки давлатӣ ва Додситонии кулл.

Ёдовар мешавем, ки солҳои қабл арчаи асосии солинавии Душанбе дар майдони Дӯстӣ – канори муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешуд, чанд сол инҷониб ин арча дар майдони "Истиқлол" қомат меафрозад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио