Романи “Ҷанг ва олами афғонҳо”-и Абдуғаффор Абдуҷаббор ба чоп расид

Абдуғаффор Абдуҷаббор, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, романи нави худ таҳти унвони “Ҷанг ва олами афғонҳо”-ро ба нашр расонид. Ин асари бадеӣ-таърихӣ дар заминаи сафари муаллиф ба Афғонистон то зуҳури аввалини Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) эҷод шудааст. Дар роман муаллиф рӯзгори ҷангзадаи афғонистониҳои азияткашидаро ба риштаи тасвир кашидааст ва […]

Меҳофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Абдуғаффор Абдуҷаббор, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, романи нави худ таҳти унвони “Ҷанг ва олами афғонҳо”-ро ба нашр расонид.

Ин асари бадеӣ-таърихӣ дар заминаи сафари муаллиф ба Афғонистон то зуҳури аввалини Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) эҷод шудааст.

Дар роман муаллиф рӯзгори ҷангзадаи афғонистониҳои азияткашидаро ба риштаи тасвир кашидааст ва гуфтугӯҳои ошкорояш бо генералҳои машҳури ин кишварро навиштааст.

Нависанда талош кардааст, ки сарчашмаҳои ба ин вазъ гирифтор шудани мардуми Ағонистонро ба риштаи таҳқиқ ва тасвири бадеӣ кашад.

Ин роман аз 304 саҳифа иборат буда, ба теъдоди 1000 нусха дар нашриёти “Адиб” дар Душанбе ба табъ расидааст. Муҳаррири китоб шоир ва рӯзноманигори тоҷик Салими Зарафшонфар мебошад.

Ба гуфтаи муҳаррир, ин асари саргузаштӣ “саршори саҳифаҳои ҳайратангез мебошад” ва “писанди хонандагони арҷманду нозукбин хоҳад буд”.

Абдуғаффор Абдуҷаббор хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1979) буда, ҳоло академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Академияи бадеии ҷаҳонӣ “Новая Эра” мебошад.

Ӯ узви иттифоқҳои нависандагон (1997), рӯзноманигорон (1988), арбобони театр (1990) ва Иттифоқи байниминтақавии нависандагони Россия (2013) аст.

Абдуғаффор Абдуҷаббор барандаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абдуқосим Лоҳутӣ, Ассотсиатсияи публитсистони Русия, Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Ба ордени «Шараф» дараҷаи II, ордени «Дӯсти халқҳо» (Русия) ва соли 2023 ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Муаллифи беш аз панҷоҳ ҳикояву повесту пейсаҳо мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.