Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар радабандӣ (рейтинг)-и Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Тоҷикистон бо касби 1203,08 балл дар мақоми 104-ум ҷойгир аст.

Соли гузашта мунтахаби Тоҷикистон 16 бозӣ, аз ҷумла дӯстона гузаронида, 7 ғалаба ба даст овард: Лубнон – 2:1, АМА – 1:1, пеналти – 5:3, Покистон – 3:0, Филиппин – 0:0, пеналти – 4:3, Непал – 4:0, Афғонистон – 3:1, Гонконг – 2:1; 2 бозӣ мусовӣ анҷом ёфт: Чин – 0:0 ва Арабистони Саудӣ 1:1)  ва дар 7 бозӣ шикаст хӯрд – Қатар – 0:1, Урдун – 0:1, Арабистони Саудӣ – 0:1, Урдун – 0:3, Лубнон – 0:1, Сурия – 0:1, Филиппин – 0:3.

Мунтахаби Ӯзбекистон ҳоло ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ пурқуваттарин боқӣ мемонад. Ин даста дар радабандии навшуда зинаи 58-умро касб кардааст.

Миёни тимҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон зинаи 104-умро касб карда, Қирғизистон дар мақоми 107-ум, Қазоқистон – 110-ум ва Туркманистон – 143-юм қарор гирифтаанд.

Байни дастаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 17-ум қарор дорад. Миёни дастаҳои қораи Осиё Ҷопон пешсаф аст (15-ум дар ҷаҳон). Ба сегонаи беҳтарини қора Эрон (18) ва Кореяи Ҷанубӣ (23) ва ба даҳгонаи беҳтарини тимҳои Осиё дар ҷаҳон Австралия (26), Қатар (48), Ироқ (56), Ӯзбекистон (58), Арабистони Саудӣ (59), АМА (63) ва Урдун (64) шомиланд.

Наздиктарин бозии расмии худро мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 25 март дар Душанбе мегузаронад. Ин вохӯрӣ дар доираи даври якуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бо тими Тимори Шарқӣ доир мегардад.

Радабандии мунтахабҳои миллии ФИФА аз 210 даста иборат аст. Дар панҷгонаи аввал тағйироте нашуда, дар зинаи аввал Аргентина (1867,25 имтиёз) ва дар идома Фаронса (1859,78), Испания (1853,27), Англия (1813, 81), Бразилия (1775,85), Португалия (1756,12), Нидерланд (1747,55), Белгия (1740,62), Италия (1731,51) ва Олмон (1703,79) қарор доранд.

Миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Украина зинаи 25-ум ва Русия – 34-умро касб кардаанд.

Радабандии ФИФА (10-гонаи беҳтарин, ТОП-10): Аргентина (1867,25 имтиёз); Фаронса (1859,78); Испания (1853,27); Англия (1813, 81); Бразилия (1775,85); Португалия (1756,12); Нидерланд (1747,55); Белгия (1740,62); Италия (1731,51); Олмон (1703,79).

Кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР): 25 (25). Украина – 1554.94; 34 (34). Русия – 1512.32; 58 (58). Ӯзбекистон – 1424.93; 68 (68). Гурҷистон – 1362.21; 98 (98). Беларус – 1226.31; 100 (100). Арманистон – 1219.15; 104 (104). Тоҷикистон – 1203.08; 107 (107). Қирғизистон – 1194.19; 110 (110). Қазоқистон – 1180.18; 118 (118). Озарбойҷон – 1158.7; 123 (123). Эстония – 1142.53; 140 (140). Латвия – 1084.11; 142 (142). Литва – 1069.96; 144 (144). Туркманистаон – 1065.42; 151 (151) ва Молдова – 1045.59.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...