Садама дар зеристгоҳи баландшиддат як қисми Душанберо бе барқ гузошт

Сабаби қатъи барқ дар як қисми Душанбе шаби 19-уми декабр садама дар хатҳои баландшиддати интиқоли барқи ҷумҳуриявӣ будааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҶСК “Шабакаҳои тақсимотии шаҳри Душанбе” хабар доданд. Дар ин ниҳод гуфтанд, ки барқ дар чанд ноҳияи шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар 103-юм микроноҳия, кӯчаи “Профсоюз”, 33-юм микроноҳия ва баъзе кӯчаҳои маҳаллаи […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Сабаби қатъи барқ дар як қисми Душанбе шаби 19-уми декабр садама дар хатҳои баландшиддати интиқоли барқи ҷумҳуриявӣ будааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҶСК “Шабакаҳои тақсимотии шаҳри Душанбе” хабар доданд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки барқ дар чанд ноҳияи шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар 103-юм микроноҳия, кӯчаи “Профсоюз”, 33-юм микроноҳия ва баъзе кӯчаҳои маҳаллаи Зарафшон дар пайи садама дар зеристгоҳи “Нав” қатъ гардид.

“Корҳо барои рафъи садама ҳамагӣ 23-24 дақиқа идома карданд. Мутахаcсисон мушкилро фавран ҳал карданд”, – гуфтанд дар ин ниҳод.

Аммо манбаъ сабаби аслии садамаро мушаххас шарҳ надод, танҳо зикр намуд, ки гурӯҳи кории махсусе таъсис дода шудааст, ки ба таҳқиқи сабабҳои ҳодиса машғул аст.

Дирӯз тақрибан соатҳои 19:30 дақиқа дар як чанд ноҳияҳои шаҳри Душанбе барқ қатъ гардид. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар пайи қатъ шудани барқ давоми чанд дақиқа садои баландро шунидаанд. Мақомот то ҳол шарҳ надодаанд, ки ин садои чӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шудааст. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд.

Дар чанд рӯзи охир сокиони маҳаллаҳои атрофи Душанбе нигаронӣ мекунанд, ки ҳамарӯза барқи онҳо низ чанд соат қатъ карда мешавад.

Дар пайи ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар Вазорати энергетика ва захираҳои об дар асоси қарори ҳукумати кишвар “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро муваззаф кард, ки аҳолиро дар як шабонарӯз 10 соат барқ таъмин кунад: субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 16:00 то 23:00.

Аммо сокинони кишвар ҳамоно аз бенизомии реҷаи барқ шикоят карда, мегӯянд, ки аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин ҳастанд.

Таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон аст. Қаблан масъулини Вазорати энергетика ва захораҳои оби кишвар ва “Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.