ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 ДЕКАБР
Соли 1959 – Дар фурудгоҳи Сталинобод нахустин ҳавопаймои "ИЛ-18" фуруд омад.
Соли 2011 – Ширкати “Тоҷик Эйр” бори нахуст дар ИДМ ба истифодаи ҳавопаймоҳои тамғаи "МА-60" оғоз кард.
Соли 2012 – Раҳбари ҷунбиши мухолифини “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд ва чанде пас озод карда шуд. Ӯ соли 2015 дар Туркия кушта шуд.
Соли 2012 – Саидҷаъфар Усмонзода раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲХД) интихоб шуд. Ӯ, ки вакили парлумон аз ҲДТ буд, рӯзи 12-уми июни соли равон аз ҷониби Додситонии кули кишвар боздошт гардид.
Рӯзи 14-уми июн дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва ба ҳабс гирифта шудани ӯ ба вакилони парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар иттилоъ дод. Додситонӣ дар назди вакилон гуфт, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306 қисми 2 банди в парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар пайвнд ба парванди ӯ чанде аз дигар чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ, аз ҷумла муовини аввали ӯ дар ҳизб Аҳмадшоҳ Комилзода, вазири пешини корҳои хорҷиҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, раиси собиқи Шӯрои олӣ Акбаршоҳ Искандаров ва ғайра дастгир шуданд. Ҳоло мурофиаи додгоҳии онҳо пушти дарҳои баста идома дорад.
Дар робита ба фаъолияти сиёсӣ ва боздошту ҳабси Саидҷаъфар Усмонзода дар мақолаи “Аз соҳибкорӣ ва ноустуворӣ дар сиёсат то вакиливу боздошт. Усмонзода кист ва чаро боздошт шуд?” хонед.
Соли 2018 – Фаррух Амонатов, шоҳмотбози тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии шоҳмот дар Чили зинаи 3-юмро ишғол кард.
Соли 2020 – Дар вилояти Суғд хатти интиқоли газ ба истифода дода шуд, ки тавассути он гази Ӯзбекистон, ки дар тӯли 10 соли охир ба Тоҷикистон ворид намешуд, дубора интиқол ёфт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1910 – Мавлуди Николай Лесной, шоири русзабони Тоҷикистон
Соли 1953 – Зодрӯзи Ҷумъахон Сироҷов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон
Ҷумъахон Сироҷов қариб 20 сол дар намоиши ҳаавии “Очаи Бика ва Зика” ҳамроҳи Толибҷон Бобоев дар саҳнаи ҳунари тоҷик нақш офаридаааст. Маҳз ин нақш ӯро дар таърихи санъати тоҷик нотакрор гардонид.
Ҳамчунин, Ҷумъахон Сироҷов яке аз ҳунарпеша ва коргардонҳои маъруфи тоҷик буда, дар филмҳои зиёде бо иҷрои нақшҳои асосӣ ва ба рӯйи саҳна овардани намоишномаҳои зиёд мавқеъ касб кардааст.
Ӯ дар беш аз панҷоҳ намоишнома, амсоли “Мӯъҷизаи муқаррарӣ”, “Писари калонӣ”, “Мукофот”, “Фишор”, “Зани оҳанин”, “Найрангҳои Скапен”, “Дар чорсӯ” нақшҳои марказӣ бозида, намоишномаҳои “Чароғи маърифат”, “Бе пир марав”, “Аз хок баромадему бар хок шудем”, “Ҳафтзарб”-ро рӯи саҳна овардааст.
Соли 1988 – Шавкат Ҳарисов, нависанда ва узви ИН Тоҷикистон аз олам даргузашт.
Соли 2003 – Муҳаммад Бобохоҷаев, доктори илмҳои тиб аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) муҳорибаи Днепр ба охир расид. Ин муҳориба маҷмуи амалиёти кушунҳои шӯравӣ барои аз истилогарони немис озод кардани Украинаи соҳили чап буд, ки аз 26 август то 23 декабри соли 1943 идома кард. Муҳорибаи Днепр яке аз муҳорибаҳои калонтариниҶБВ буд.
77 сол пеш физикхои америкоӣ аввалин транзисторро дар ҷаҳон муаррифӣ карданд. Онҳо Уилям Шокли, Ҷон Бардин ва Уолтер Браттейн буданд. Соли 1956 ин олимон барои таҳқиқоти нимноқилҳо ва кашфи эффекти транзисторӣ соҳиби ҷоизаи Нобел гардиданд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона -1+4º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 21-26º то 30-35º сард, рӯзона 5-10º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 1+3º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона -1+1º.


