Боз як бонки байналмилалӣ барои сохтмони “Роғун” $270 млн ҷудо кард

Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохтор (БОСИ) барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО)-и “Роғун” 270 милллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Дар ин бора Вазоарти молияи Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи манбаъ, созишномаро рӯзи 20-уми декабр Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Константин Лимитовский, ноиби президенти БОСИ дар шаҳри Пекини Чин ба имзо расондаанд. Манбаъ мегӯяд, БОСИ барои […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохтор (БОСИ) барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО)-и “Роғун” 270 милллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Дар ин бора Вазоарти молияи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, созишномаро рӯзи 20-уми декабр Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Константин Лимитовский, ноиби президенти БОСИ дар шаҳри Пекини Чин ба имзо расондаанд.

Манбаъ мегӯяд, БОСИ барои сохтмони “Роғун” дар умум 500 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад ва он дар 2 марҳила тавассути созишномаҳои алоҳида ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, ин маблағ барои Лоти 1-ум ва Лоти 3А-и нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, инчунин сохтмон ва таъмири 55 км роҳ, аз ҷумла пулҳои байни деҳаҳо масраф мешавад.

Ҷузъиёти дигари ин созишнома ошкор наушдааст.

Чанд рӯз пеш Бонки ҷаҳонӣ низ барои сохтусози (НБО) “Роғун” 350 миллион доллар ҷудо карда буд. Ин маблағ аз ҳисоби маблағи грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) анҷом додааст. Бар ивази ин Тоҷикистон уҳдадор шудааст, то 3% (баъди анҷоми сохтмон то 5 %)-и даромад аз фурӯши нерӯи барқро барои ҳимояи қишри камбизоати аҳолӣ равона кунад.

Дар аввал гуфта мешуд, ки "Роғун" аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ сохт мешавад. Барои ҷамъоварӣ фурӯши саҳмияҳо ҳам ба роҳ монда шуд. Дертар ҳукумат эълон кард, ки барои сохтмони ин иншоот сармоя ҷалб хоҳанд кард.

Сармоягузорони аввалини лоиҳаи “Роғун” Бонки исломии рушд (150 млн доллар) ва фондҳои кишварҳои араб (400 млн доллар) буданд, ки маблағгузориашонро 17 апрели соли ҷорӣ тасдиқ карданд.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, барои идомаи корҳои сохтмон дар доираи ҷадвалҳои тасдиқшуда ҳамасола 1 млрд доллар ва барои амалисозии пурраи лоиҳа 6,2 млрд доллар маблағ лозим аст.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат бо сохтмончиёни НБО “Роғун” гуфта буд, ки давоми солҳои 2008-2024 ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ маблағ равона намудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.