БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд

Шӯрои Директорони иҷроияи Бонки исломии рушд (БИР) дар бораи лоиҳаи маблағгузории сохтмони НБО «Роғун»-ро дар ҳаҷми умумии 550 млн доллар, аз ҷумла 150 млн доллар аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 млн. доллар аз ҳисоби фондҳои рушди араб қарор қабул намуд. Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 30 апрел […]

Asia-Plus

Шӯрои Директорони иҷроияи Бонки исломии рушд (БИР) дар бораи лоиҳаи маблағгузории сохтмони НБО «Роғун»-ро дар ҳаҷми умумии 550 млн доллар, аз ҷумла 150 млн доллар аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 млн. доллар аз ҳисоби фондҳои рушди араб қарор қабул намуд.

Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 30 апрел дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии БИР аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо президенти Гурӯҳи БИР доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баргузор гардид.

“Ҷонибҳо дар вохӯрӣ рафти иҷрои супоришҳо аз натиҷаи вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Гурӯҳи БИР доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер (11 ноябри соли 2023) ва татбиқи силсилаи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, рушди инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, Завқизода ба ҷониби бонк барои чунин дастгириҳо минатдорӣ баён карда, аз президенти Гурӯҳи БИР дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, бахусус лоиҳаҳои сохтмони НБО «Роғун», роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ – Дустӣ, ирригатсияи заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, бахши хусусӣ, пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, инчунин таъмини иҷрои Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва БИР барои солҳои 2023-2026 маблағгузориро зиёд намояд.

Дар навбати худ, президенти Гурӯҳи БИР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.

То имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ 753,4 млн доллар ҷудо гардидааст. Дар доираи Страгияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026 аз ҷониби Гурӯҳи БИР барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар ҷудо намудани беш аз 235 млн доллар пешбинӣ гардидааст.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”:

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳукумат соли 2024 ният дорад, ки ба лоиҳаи идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” 5 млрд сомонӣ (456 млн доллар) равона кунад: 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва боқимонда – аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ. Соли 2023 ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” 5,2 млрд сомонӣ равона гардида буд.

Барои амалисозии пурраи лоиҳа 6,2 млрд доллар маблағ лозим аст. То имрӯз ба сохтмони иншооти мазкур дар маҷмӯъ зиёда аз 40 млрд сомонӣ равона шудааст.

Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.