Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад. Ӯ бо Владимир Путин мулоқоти як ба як мекунад

Mazhab

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 24-уми декабр барои ширкат дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо як сафар ба Русия меравад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, дар ҳошияи ин сафар мулоқоти алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар назар аст.

Қаблан, Юрий Ушаков, ёвари Владимир Путин ба хабаргузории "Интерфакс" гуфта буд, ки президенти Тоҷикистон шоми 24-уми декабр бо раисҷумҳури Русия дар маҷмааи истироҳатии "Игора" дар вилояти Ленинград вохӯрда, мавзӯъи муҳоҷират ва вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

"Раисҷумҳурҳо мувофиқа карданд, ки як ба як мулоқот кунанд, то дар фазои ором тамоми вазъияти кунунии муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, ҳамчунин дар бораи масъалаҳои минтақаӣ, пеш аз ҳама Афғонистон, суҳбат кунанд," – изҳор доштааст Ушаков.

Ҳамчунин, дар ин дидор масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ матраҳ мешаванд.

Сафари раисҷумҳури кишвар ва мулқоти ӯ бо президенти Русия дар замоне сурат мегирад, ки баъди ҳамла ба "Крокус", ки дар пайи он 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир шуданд, фишору азият болои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия якбора авҷ гирифт. Мақомоти ин кишвар садҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро дар фурудгоҳҳои Русия бидуни шарҳ рузҳо нигоҳ дошта, аксаран дубора ба Тоҷикистон мефиристанд ва ё баъди тафтиши мӯшикофона ба Русия роҳ медиҳанд. 

Ҳамчунин, баъди ин ҳодиса мақомоти Русия қонунгузорӣ дар самти муҳоҷиратро рӯз аз рӯз сахттар карда истодаанд. 

Бодя гуфт, ки ҳамасола дар моҳи октябр ва декабр ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои ИДМ дар Русия баргузор мешавад. 

Зимнан, соли оянда раёсати ИДМ ба Тоҷикистон гузашт ва дар доираи он чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...