Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад. Ӯ бо Владимир Путин мулоқоти як ба як мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 24-уми декабр барои ширкат дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо як сафар ба Русия меравад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, дар ҳошияи ин сафар мулоқоти алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар […]

Мазҳаб Ҷумъа

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 24-уми декабр барои ширкат дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо як сафар ба Русия меравад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, дар ҳошияи ин сафар мулоқоти алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар назар аст.

Қаблан, Юрий Ушаков, ёвари Владимир Путин ба хабаргузории "Интерфакс" гуфта буд, ки президенти Тоҷикистон шоми 24-уми декабр бо раисҷумҳури Русия дар маҷмааи истироҳатии "Игора" дар вилояти Ленинград вохӯрда, мавзӯъи муҳоҷират ва вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

"Раисҷумҳурҳо мувофиқа карданд, ки як ба як мулоқот кунанд, то дар фазои ором тамоми вазъияти кунунии муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, ҳамчунин дар бораи масъалаҳои минтақаӣ, пеш аз ҳама Афғонистон, суҳбат кунанд," – изҳор доштааст Ушаков.

Ҳамчунин, дар ин дидор масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ матраҳ мешаванд.

Сафари раисҷумҳури кишвар ва мулқоти ӯ бо президенти Русия дар замоне сурат мегирад, ки баъди ҳамла ба "Крокус", ки дар пайи он 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир шуданд, фишору азият болои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия якбора авҷ гирифт. Мақомоти ин кишвар садҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро дар фурудгоҳҳои Русия бидуни шарҳ рузҳо нигоҳ дошта, аксаран дубора ба Тоҷикистон мефиристанд ва ё баъди тафтиши мӯшикофона ба Русия роҳ медиҳанд. 

Ҳамчунин, баъди ин ҳодиса мақомоти Русия қонунгузорӣ дар самти муҳоҷиратро рӯз аз рӯз сахттар карда истодаанд. 

Бодя гуфт, ки ҳамасола дар моҳи октябр ва декабр ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои ИДМ дар Русия баргузор мешавад. 

Зимнан, соли оянда раёсати ИДМ ба Тоҷикистон гузашт ва дар доираи он чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио