Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шаҳрвандони аз 20 то 38 солаи Тоҷикистон метавонанд соли оянда барои кор ба Қатар раванд. Музди маош беш аз 600 доллар аст ва ҳамаи хароҷотро кортаъминкунанда пардохт мекунад. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷират ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, кор дар соҳаҳои чорвопарварӣ, сохтмон, анбори мошинҳо ва хидмарасонӣ дар мехмонхонаҳо аст. Шаҳрвандонро “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа"-и Хадамоти муҳоҷират ба Қатар мефиристад.

Ба иттилои ин ниҳод, шартҳои асосӣ донистани забони англисӣ, надоштани доғӣ судӣ ва синну соли 20 то 38-сола аст.

“Корфармо пули чипта, раводид (виза), ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, либоси корӣ, хизматрасонии тиббӣ ва корти нақлиётиро медиҳад. Музди маош вобаста ба самти кор аз 600 доллар бештар мебошад”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Шаҳрвандони кишвар барои дархост гузоштан бояд бо шиносномаи хориҷӣ ба “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, ки дар кӯчаи Айнӣ 121 дар шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо ҷойгир аст, муроҷиат кунанд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки ҳоло мӯҳлати аниқи қабули дархостҳо барои кор дар Қатар маълум нест. Аҳолӣ метавонанд, тавассути рақамҳои 225 05 75 ва 225 02 21 оид ба кор дар Қатар маълумоти бештар пайдо кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан намояндагони Тоҷикистон бо намояндагони Қатар кишвар барои ба кор фиристодани тоҷикистониён ба ин давлат гуфтугӯ карда буданд.

Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнати Тоҷикистон бо Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ, вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Қатар масъалаҳои танзими сафари коргарон, тартиби бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шарту шароит ва будубоши довталабон дар Қатарро муҳокима карданд.

Бояд гуфт, ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Чанд рӯз пеш созишномаи ниҳоии ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид. Гурӯҳи аввали муҳоҷирон шурӯъ аз соли 2025 барои кор ба Корея мераванд. Барои донистани он ки чӣ гуна бояд ба Корея рафт ва ба куҷо муроҷиат кард, дар ин матлаби мо “Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...