Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?

Аз 28-уми декабри соли равон то 12-уми январи соли оянда бахшида ба Соли нав Сирки давлатии Тоҷикистон ба кӯдакону наврасон барномаи “Афсонаи солинавӣ” ва намоишномаи “Хоби мафтункунанда”-ро намоиш медиҳад. Дар ин бора аз Сирки давлатӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, ки намоишҳо ба ҷуз 30-юм ва 31-уми декабр ҳамарӯза соати 14:00 ба саҳна гузошта мешаванд. […]

Шоираи Қудрат, Asdia-Plus

Аз 28-уми декабри соли равон то 12-уми январи соли оянда бахшида ба Соли нав Сирки давлатии Тоҷикистон ба кӯдакону наврасон барномаи “Афсонаи солинавӣ” ва намоишномаи “Хоби мафтункунанда”-ро намоиш медиҳад.

Дар ин бора аз Сирки давлатӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, ки намоишҳо ба ҷуз 30-юм ва 31-уми декабр ҳамарӯза соати 14:00 ба саҳна гузошта мешаванд.

Ҳамчунин Бобои барфӣ ва барфак, ширинкорон, ромкунандаи ҳайвонот ва  гимнастҳои ҳавоӣ дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд. Намоишҳо 1 соату 40 дақиқа давом мекунанд.

Масъулин гуфтанд, нархи билет вобаста ба ҷой ва қатор мутаносибан 20, 25 ва 30 сомонӣ арзиш дошта, онро метавон аз хазинаи “Сирки давлатӣ” дастрас кард. Арзиши билет танҳо ғайринақдӣ қабул карда мешавад.

Бояд гуфт, дар остонаи Соли нав аксари муассисаҳои фарҳангӣ намоишҳои солинавӣ пешниҳод мекунанд. Аз ҷумла, Сирки давлатӣ ҳамасола дар арафаи соли нав намоиши махсуси солинавӣ барои кӯдакон таҳия мекунад.

Соле пеш дар Сирки давлатии пойтахт барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоати пойтахт барномаи рангини “Моҳии тиллоӣ” намоиш дода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.