Душанбе Соли навро бо фейерверк пешвоз мегирад

Дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе рӯзи 31 декабр ба ифтихори фарорасии Соли нави мелодии 2024 консерти идона ва мушакпарронӣ (фейерверк)-и солинавӣ баргузор мешавад, хабар доданд дар Раёсати фарҳанги шаҳрдории пойтахт. Зикр шуд, ки консерти идона бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар соати 20:00 оғоз мегардад. Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми чорабинӣ мушакпарронӣ доир мегардад. Дар ҳамин ҳол, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе рӯзи 31 декабр ба ифтихори фарорасии Соли нави мелодии 2024 консерти идона ва мушакпарронӣ (фейерверк)-и солинавӣ баргузор мешавад, хабар доданд дар Раёсати фарҳанги шаҳрдории пойтахт.

Зикр шуд, ки консерти идона бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар соати 20:00 оғоз мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми чорабинӣ мушакпарронӣ доир мегардад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ зикр кард, ки то соли нав дар Сирки давлатии пойтахт барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоати пойтахт барномаи рангини “Моҳии тиллоӣ” намоиш дода мешавад. Аз номи раиси шаҳр ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим мешавад.

Тавре ки аз ҳукуматҳои ноҳияҳои пойтахт ба “Азия-Плюс” хабар доданд, рӯзи 31 декабр дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр барномаҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ гузаронида мешаванд.

Дар ноҳияи Шоҳмансур – боғи «Куруши Кабир», дар паҳлӯи бинои Театри опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;

Дар ноҳияи Сино – назди бинои Прокуратураи генералӣ (профсоюз);

Дар ноҳияи Фирдавсӣ – назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.