Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ба хотири гиромидошти ёди Олим Бобоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва шашмақомсарои маъруф Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи ӯ гузошта шуд. Дар ин бора аз шаҳрдории Панҷакент ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, дар ин робита 20-уми сентябр қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба тасвиб расида, дирӯз, 29-уми декабр, маросими номгузорӣ расман баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар даромадгоҳи бинои Кохи фарҳанг нимпайкаради Олим Бобоев гузошта шуда ва дар сари қабраш лавҳи ёдгорӣ ниҳодаанд.

Дирӯз ҳамчунин бахшида ба 65-солагии Олим Бобоев дар шаҳр бо ҳузури олимони тоҷик таҳти унвони “Олим Бобоев – шашмақомсарои маъруфи кишвар” конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардидааст.

Дар конфоронс, Абдухолиқ Холиқзода, шаҳрдори Панҷакент ва санъатшиносон, аз ҷумла  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва бастакори шинохта Қудратулло Яҳёев, корманди шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳо Сайдулло Убайдуллоев, раиси намояндагии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назира Ғайбуллозода ширкат ва суханронӣ кардаанд.

Ғайр аз ин, бо номи “Ҳунарваре аз табори озодагон” маҷмӯаи мақолаю ёддоштҳо дар бораи ин ҳунарманди нотакрор рӯнамоӣ гардидааст.

Ҳамчунин, бо ҳузури овозхонони шинохта ва шогирдони Олим Бобоев таҳти унвони “Гулбонги шашмақом” дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент барномаи фарҳангӣ баргузор гардидааст.

Олим Бобоев 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри Панҷакент, дар хонаводаи Искандари Танбӯрӣ дида ба олам кушодааст. Соли 1986 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро (1986) хатм карда, солҳо дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Ӯ дар солҳои 1980 дар радифи хонандагони тавонои Шашмақом қарор гирифта буд, вале дар айни авҷи шӯҳраташ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Душанбе кард ва то лаҳзаҳои охирини умраш дур аз саҳнаи бузург дар Панҷакент умр ба сар бурд.

Соли 2006 Олим Бобоев бо силсилаи нави таронаҳояш дигарбора ба фазои ҳунарии кишвар баргашт ва чандин сурудҳои Шашмақомро ҳамроҳи як оркестри муҷаҳҳази симфонӣ иҷро ва сабт кард.

Олим Бобоев аз шеваи иҷрои ин асари классикии мусиқии тоҷик дар кишвар қонеъ набуд ва бовар дошт, ки дар ҳоли дуруст суруда шуданаш, Шашмақом метавонад ба мусиқии ирфонӣ табдил ёбад, ки тамоми Ғарбро ғасб кунад.

Аммо дар авҷи камолоташ, 8-уми феврали соли 2012 дар 54-солагӣ бар асари беморӣ дар Душанбе аз ҷаҳон чашм пӯшид ва дар Панҷакент ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...