Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) ахиран 25-уми декабр дар ҷаласаи навбатиаш 6 нафари дигар, ки аксаран ҷавонанд, ба узвияти худ пазируфт. Дар ин бора Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон дар саҳифаи фейсбукиаш иттилоъ нашр кард.  Ба навиштаи ӯ, шоирон Бахтиёри Раҳмониён, Меҳровари Масчоҳӣ, Мунира Камол (шоири  ӯзбекзабон) ва нависандагону адабиётшиносон Сайидо Шарафӣ, Абдулназари Абдулназар ва […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) ахиран 25-уми декабр дар ҷаласаи навбатиаш 6 нафари дигар, ки аксаран ҷавонанд, ба узвияти худ пазируфт. Дар ин бора Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон дар саҳифаи фейсбукиаш иттилоъ нашр кард

Ба навиштаи ӯ, шоирон Бахтиёри Раҳмониён, Меҳровари Масчоҳӣ, Мунира Камол (шоири  ӯзбекзабон) ва нависандагону адабиётшиносон Сайидо Шарафӣ, Абдулназари Абдулназар ва Хуршеди Эҳсон аъзои нави Иттифоқи нависандагон шуданд.

Бо ишора ба ин ки ин ИНТ як ниҳоди муътабари адабӣ дар кишвар буда, аксари адибон кӯшиш мекунанд, аъзои он бошанд, “Азия-Плюс” шартҳои қабули узвият ба ин ниҳодро маълум кард.

 

Ду китоб ва се тавсиянома…

Равшани Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагон ба “Азия-Плюс” гуфт, нафароне, ки ба узвияти Иттифоқ пазируфта мешаванд, бояд на кам аз 2 китоб дошта бошанд.

“Агар шоир бошанд, маҷмӯаи шеърҳо ва агар нависанда бошанд, маҷмӯи ҳикояву қисса ва ё дигар навъҳои насриашон дар шакли китоб чоп шуда бошад”, – гуфт ӯ.

Шарти дигар пешниҳоди 3 номаи тавсиявӣ аз адибон аст. Шоир ва ё нависандагоне, ки на камтар аз 10 сол узви Иттифоқи нависандагон мебошанд, ҳукуқи додани номаи тавсиявиро доранд.

“Шӯроҳои Иттифоқ, масалан шӯрои назм ё наср асарҳои пешниҳодшударо дида мебароянд. Аъзои шӯро, ки дар ҳар шӯро 15-20 нафаранд, агар ҷавобгӯ будани асарҳои пешниҳодшударо тасдиқ кунанд, шӯро ба раёсат пешниҳод мекунад ва раёсат қабул мекунад”, – шарҳ дод ӯ.

Синну соли қабул ба узвияти иттифоқ аз 17-20-сола оғоз мешавад. Нафарони синнашон аз 55-сола боло пазируфта намешаванд.

“Донишҷӯён кам андар кам аъзо мешаванд, зеро аксарашон китоб надоранд”, – гуфт Равшани Махсумзод.

Ба гуфтаи Равшани Махсумзод дар соли 2024 ягон нафар аз узвияти иттифоқи нависандагон хориҷ нашудааст.

Соли 2016 раёсати Иттифоқи нависандагон дар бораи аз узвияти он хориҷ кардани 26 аъзои сатҳи касбиашон шубҳанок қарор қабул карда буд. Ин тасмим ба хотири поксозии сафи Иттифоқи нависандагон аз “адибони тасодуфӣ ва камҳунар, ки аслан аз соли 2010 то соли 2015 шомили иттифоқ шудаанд”, гирифта шуда буд ва баҳси тундеро миёни адибон ба бор оварда буд.

Иттифоқи нависандагон дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд, ки раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соли 1991 интихоби раиси ин ниҳод яке аз пурбаҳстарин интихоботҳо буд, ки он замон Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким номзади асосӣ буданд, ки интихобот бо пирӯзии Аскар Ҳаким натиҷагирӣ шуд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ раҳбарӣ кардаанд. Ҳоло раиси он Низом Қосим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.