Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи суқути як ҳавопаймо дар Куриёи Ҷанубӣ, ки бар асари он 179 нафар ҷон доданд, ба Чҳве Сан Мок, иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар таслият баён кард. Ба навиштаи хадамоти матуботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 30-юми декабр гуфтааст, ки ин ҳодиса ӯро сахт андӯҳгин кардааст. Вай ба иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Корея […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи суқути як ҳавопаймо дар Куриёи Ҷанубӣ, ки бар асари он 179 нафар ҷон доданд, ба Чҳве Сан Мок, иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар таслият баён кард.

Ба навиштаи хадамоти матуботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 30-юми декабр гуфтааст, ки ин ҳодиса ӯро сахт андӯҳгин кардааст.

Вай ба иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Корея ва пайвандону наздикони ҷонбохтагон таъзия баён карда, барои осебдидагон шифои комил хостааст.

Бояд гуфт, ки субҳи 29-уми декабр як ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Jeju air”-и Куриёи Ҷанубӣ зимни бозгашт аз шаҳри Бангкоки Тайланд ба садама дучор шуд.

Дар ҳавопаймо 175 мусофир ва 6 сарнишин қарор доштанд, ки 179 нафар ҷон бохтаанд. Танҳо ду нафар аз хидматрасонҳои ҳавопаймои “Boeing 737-800” зинда мондаанд ва ҳоло дар бемористонанд.

Дар наворҳое, ки нашр шудаанд, дида мешавад ҳавопаймои ширкати куриёӣ ҳангоми фуруд аз хатти парвоз берун шуда, ба девор бармехӯрад.

Сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешаванд, вале ҳоло бархурди паррандаҳо ба чархҳои ҳавопаймо ва аз кор мондани онҳо яке аз омилҳои эҳтимолии сонеҳа гуфта мешавад.

Ба навиштаи “Yonhap”, 173 мусофир аҳли Куриёи Ҷанубӣ ва ду нафари дигар аз Тайланд будаанд.

Давлати Куриёи Ҷанубӣ дар робита ба ин садама 7 рӯз, аз 29-уми декабри соли 2024 то 4-уми январи соли 2025 мотами миллӣ эълон кардааст.

Ёдрас мешавем, ки дар чанд рӯзи охир ин дуввумин ҳодисаи суқути ҳавопаймо бо марги даҳҳо нафар аст. 

Қаблан, ҳавопаймои масофирбари ширкати “Azerbaijan Airlines"-и Озарбойҷон, ки аз Боку ба шаҳри Грознийи Чеченистон парвоз мекард, дар наздикии фурудгоҳи минтақаи Оқтауи ҷануби Қазоқистон суқут кард. Аз 67 мусофири дохили ҳавопаймо, 38 нафар ҳалок шудаву 29 нафар наҷот ёфтанд. Ду зодаи Тоҷикистон ҳам дар ин ҳавопаймо буданд, ки яке ҷон ба сломат бурда дуввумӣ, ҳалок шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.