Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро, ки бар асоси он фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои ин кишвар қабул намешаванд, имзо кард. Он 1-уми апрели соли 2025 ба иҷро медарояд.

Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар дода, навиштаанд, ки санад рӯзи 28-уми декабр ба имзо расида, дар махзани иттилооти ҳуқуқии Русия гузошта шудааст.

Ҳамчунин, бар асоси ин қонун, ҳангоми қабул ба мактаб, санҷиши қонунӣ будани ҳузури кӯдак дар қаламрави Русия низ ҳатмӣ хоҳад шуд.

Имтиҳони забони русӣ барои пазируфтани кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия дар муассисаҳои давлатӣ ё шаҳрдорӣ ройгон гузаронида мешавад. Дар қонун гуфта мешавад, ки агар онҳо аз имтиҳон нагузаранд, ба мактаб пазируфта намешаванд.

Думаи давлатии Русия онуни мазкурро даҳаи аввали моҳи декабр қабул кард ва ба ҷонибдории он 409 вакил овоз дода, танҳо як нафар муқобил баромада буд.

Дар ҳамин ҳол чанд пеш як санҷиши Вазорати маорифи Русия нишон дода буд, ки зиёда аз 58% кӯдакони муҳоҷирон забони русиро хуб медонанд.

Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Ҳамчунин, баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.

Танҳо дар моҳи октябр ба навиштаи расонаҳои русӣ панҷ лоиҳаи қонун ба Думаи давлатӣ ворид шудааст, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар мушкил мекунад.

Вакилони Дума ислоҳотеро роҳандозӣ карданд, ки дарёфти иҷозаи иқомати доими Русияро тариқи издивоҷ бо шаҳрвандони ин кишвар маҳдуд мекунад. Ҳамчунин, дар ин кишвар низоми нави махсуси ихроҷи муҳоҷирон ҷорӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...