Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро, ки бар асоси он фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои ин кишвар қабул намешаванд, имзо кард. Он 1-уми апрели соли 2025 ба иҷро медарояд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар дода, навиштаанд, ки санад рӯзи 28-уми декабр ба имзо расида, дар махзани иттилооти ҳуқуқии Русия гузошта шудааст. Ҳамчунин, бар […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро, ки бар асоси он фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои ин кишвар қабул намешаванд, имзо кард. Он 1-уми апрели соли 2025 ба иҷро медарояд.

Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар дода, навиштаанд, ки санад рӯзи 28-уми декабр ба имзо расида, дар махзани иттилооти ҳуқуқии Русия гузошта шудааст.

Ҳамчунин, бар асоси ин қонун, ҳангоми қабул ба мактаб, санҷиши қонунӣ будани ҳузури кӯдак дар қаламрави Русия низ ҳатмӣ хоҳад шуд.

Имтиҳони забони русӣ барои пазируфтани кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия дар муассисаҳои давлатӣ ё шаҳрдорӣ ройгон гузаронида мешавад. Дар қонун гуфта мешавад, ки агар онҳо аз имтиҳон нагузаранд, ба мактаб пазируфта намешаванд.

Думаи давлатии Русия онуни мазкурро даҳаи аввали моҳи декабр қабул кард ва ба ҷонибдории он 409 вакил овоз дода, танҳо як нафар муқобил баромада буд.

Дар ҳамин ҳол чанд пеш як санҷиши Вазорати маорифи Русия нишон дода буд, ки зиёда аз 58% кӯдакони муҳоҷирон забони русиро хуб медонанд.

Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Ҳамчунин, баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.

Танҳо дар моҳи октябр ба навиштаи расонаҳои русӣ панҷ лоиҳаи қонун ба Думаи давлатӣ ворид шудааст, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар мушкил мекунад.

Вакилони Дума ислоҳотеро роҳандозӣ карданд, ки дарёфти иҷозаи иқомати доими Русияро тариқи издивоҷ бо шаҳрвандони ин кишвар маҳдуд мекунад. Ҳамчунин, дар ин кишвар низоми нави махсуси ихроҷи муҳоҷирон ҷорӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова