100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар соли 2025 барои баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм –фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз фонди раисҷумҳур беш аз 23,5 млн сомонӣ ҷудо гардидааст. Амрҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ имрӯз, 2-юми январ ба имзо расид.

Ҳамакнун, имсол ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 140 ҳазор сомонӣ супорида мешавад. Инчунин, ғолибони ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Қаблан ба барандаи Шоҳҷоиза 70 ҳазор сомонӣ ва барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ дар ҳар як номина барои ҷойи якум 35 ҳазор, ҷойи дуюм 25 ҳазор ва ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ супорида мешуд. 

Ҳамчунин мукофотпулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро мегиранд 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки қаблан 10 ҳазор сомониро ташкил менамуд.

Бо дастури раисҷумҳур ба низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, тағйирот ворид гардида, баъзе маҳдудиятҳо ба иштирокчиёни озмуни мазкур бардошта шудааст. Яке аз тағйиротҳо ин аст, ки минбаъд дар озмун шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд иштирок кунанд.

Имсол ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” ҳам 140 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад ва ба ҳар як ғолибони ҷойи якум 70 ҳазор, ҷойи дуюм 50 ҳазор ва ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.

Барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” соҳиби 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардида, инчунин ғолибони ҷойи якум 70 ҳазор, ҷойи дуюм, 50 ҳазор ва ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ мегарданд.

Имсол дар ин озмун низ тағйирот ворид гардид. Акнун жанри академии номинатсияи навозандагӣ ба ду қисм ҷудо гардидааст, ки довталабон метавонанд истеъдоди худро дар навозиши созҳои миллӣ ва созҳои аврупоӣ нишон диҳанд.

Имсол барои баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, беш аз 6,6 миллион сомонӣ, “Илм –фурӯғи маърифат” беш аз 9,2 миллион сомонӣ ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”  беш аз 7,6 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар умум барои баргузории 3 озмуни ҷумҳуриявӣ 23,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар “Рӯзи дониш” ба масъулин дастур дод, ки мукофотпулии ғолибони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат”  сар аз мактабҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100% зиёд кунанд.

Бояд гуфт, ки маблағ барои баргузории ин озмунҳо аз Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ҷудо мешавад. Имсол ба Фонди захиравии президенти Тоҷикистон 685 млн 686 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 63 млн доллар)- равона мешавад, ки ин 1,3% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ аст.

Дар соли 2024 барои баргузории 3 озмуни ҷумҳуриявӣ аз фонди раисҷумҳур қариб 12,5 млн сомонӣ ҷудо шуда буд.

Ин се озмуни ҷумҳуриявӣ дар байни аҳолӣ ҳаводори зиёд доранд ва ҳамасола садҳо нафар дар онҳо ширкат ва қувваозмоӣ мекунанд.

Миёни ин озмунҳо “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз сербаҳстаринҳо дониста мешавад, ки қариб ҳар сол баъди анҷоми он дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳокима мешавад. Дар ин матлаби мо “Аз “дурӯғу “через” то “мусоидати болову поён” дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...