Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд

Аз оғози соли 2025 арзиш ё рентаи содиротии сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом, пахтаи коркардашуда, нахи пахта, калоба ва дигар анвои он ду баробар баланд шуд. Дар ин бора Кумитаи андози Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, аз 1-уми январи соли 2025 меъёри рентаи содиротӣ ба андозаи 4% муқаррар гардидааст. То 31-уми декабри соли 2024 меъёри мазкур […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Аз оғози соли 2025 арзиш ё рентаи содиротии сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом, пахтаи коркардашуда, нахи пахта, калоба ва дигар анвои он ду баробар баланд шуд. Дар ин бора Кумитаи андози Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, аз 1-уми январи соли 2025 меъёри рентаи содиротӣ ба андозаи 4% муқаррар гардидааст. То 31-уми декабри соли 2024 меъёри мазкур 2%-ро ташкил медод.

Рентаи содиротӣ ё даромади собит барои содироту бархе молу маҳсулот дар қонунгузории андози кишвар мафҳуми нав аст. Он дар Кодекси нави андоз, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт, пайдо шуд.

Мувофиқи моддаи 321-и Кодекси андоз, аз чунин маҳсулоте, ки аз Тоҷикистон содирот мешавад, андозсупорандагон рентаи содиротӣ мепардозанд:

– консентрати металлҳои қиматбаҳо, сиёҳ, ранга, нодир, радиоактивӣ;

– ашёи хоми кимиёвии кӯҳӣ;

– ашёи хом аз сангҳои ороишии аз коркарди аввалия гузашта;

– сангҳои қиматбаҳо;

– пахтаи коркарднашуда;

– нахи пахта;

– калоба ва ресмони пахтагин;

– пилла;

– риштаи абрешимӣ;

– пашм ва пӯст;

Мувофиқи қонунгузории Точикистон рентаи содиротӣ як намуди андозест, ки онро истифодабарандагони захираҳои табиӣ месупоранд.

Бинобар ин, субъектҳои хоҷагидоре, ки аз 1-уми январи соли 2025 содироти молҳои номбаршударо аз ҳудуди Тоҷикистон анҷом медиҳанд, уҳдадор мебошанд, ки рентаи содиротиро бо меъёри 4% аз манбаи андоз ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт кунанд.

Ин муқаррарот то 31-уми декабри соли 2026 пешбинӣ шудааст ва аз 1-уми январи соли 2027 ин андоз боз то 6% баланд хоҳад шуд.

Ба иттилои омори расмӣ, дар 11 моҳи соли 2024 аз Тоҷикистон беш аз 345 млн доллар сангу фузулоти қимматбаҳо ба хориҷа содир шудааст.

Инчунин, 250 млн доллар газвори нассоҷӣ, ба мисли нахи пахта, риш ва калоба аз кишвар содирот шудааст. Аз ин маблағ то кунун 2% андоз ё худ рентаи содиротӣ пардохт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио