Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шуруъ, аз 30-юми июни соли 2025 дар ҳамаи гузаргоҳҳои Русия аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми ворид шудан ба ин кишвар сурат ва изи ангушт (дактилоскопия) мегиранд. Ин раванд аз 1-уми декабр соли гузашта танҳо дар фурудгоҳҳои Маскав ва нуқтаи гузаргоҳи автомобилии Маштаково ҷорӣ шуда буд.

Хабаргузории “ТАСС” навиштааст, ки акнун аз тобистони соли равон ин тадбир дар ҳамаи гузургоҳҳои сарҳадии Русия ҷорӣ мешавад. Дар ин бора қарори алоҳидаи ҳукумати ин кишвар қабул шудааст.

Дар асоси ин қарор, тағйироти мазкур ба гурӯҳҳои зерин татбиқ карда намешавад:

– шаҳрвандони Беларус;

– кӯдакони то 6-сола;

– дипломатҳо ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ дар Русия, инчунин аъзои оилаҳои онҳо;

– кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, ки дар Русия аккредитатсия шудаанд ва аъзои оилаҳои онҳо.

Шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Русия раводид надоранд, метавонанд дар барномаи махсус пешакӣ сурат ва изи ангушти худ (биометрия)-ро супоранд ва аризаашонро бо маълумоти шахсӣ ва ҳадафҳои сафар пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми декабри соли 2024 аз шаҳрвандони хориҷие, ки тавассути фурудгоҳҳои Маскав, вилояти назди Маскав ва нуқтаи гузаргоҳи автомобилии Маштаково дар вилояти Оренбург ба ин кишвар ворид мешуданд, сурат ва изи ангушт гирифта мешуд.

Мақомоти ин кишвар гуфта буданд, ки  бақайдгирии изи ангушт ва суратгирӣ дар марз метавонад хатари ворид шудани шахсони хатарнокро барои Русия кам кунад.

Бояд гуфт, ки қаблан мақомоти Русия “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро нашр карданд, ки дар он номи беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон зикр шудааст. Ин шаҳрвандон дар вайрон кардани қонунгузории Русия гумонбар дониста мешаванд. Ин рӯйхат дар доираи низоми нави ихроҷ, аз 5-уми феврали соли 2025, татбиқ мегардад.

Баъд аз амали террористии рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, ки  дар он чанд шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, шароити муҳоҷирон дар Русия ва онҳое, ки нияти рафтан ба ин кишварро доранд, сахттар шуд.

Садҳо муҳоҷири тоҷик аз боздошт дар фурудгоҳҳои Русия ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо баҳонаҳои гуногун шикоят карданд. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуд.

Моҳҳои охир мақомоти Тоҷикистон дар мавриди поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия борҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...