Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд

Соли 2024 барои шаҳрвандони Тоҷикистон самтҳои нави сафари мустақим боз шуданд, ки дар ин мавод оид ба онҳо маълумот гирдоварӣ кардем. Хоруғ: пас аз танаффуси тӯлонӣ Моҳи сентябри соли гузашта барои сокинони Хоруғ рӯйдоди сарнавиштсоз ба вуқӯъ пайваст: хатсайрҳои ҳавоӣ аз Душанбе ба ин шаҳр барқарор карда шуданд. Парвози аввалин рӯзи 3 октябр сурат гирифт. […]

Asia-Plus

Соли 2024 барои шаҳрвандони Тоҷикистон самтҳои нави сафари мустақим боз шуданд, ки дар ин мавод оид ба онҳо маълумот гирдоварӣ кардем.

Хоруғ: пас аз танаффуси тӯлонӣ

Моҳи сентябри соли гузашта барои сокинони Хоруғ рӯйдоди сарнавиштсоз ба вуқӯъ пайваст: хатсайрҳои ҳавоӣ аз Душанбе ба ин шаҳр барқарор карда шуданд. Парвози аввалин рӯзи 3 октябр сурат гирифт.

Парвоз тавассути ҳавопаймои АН-28, ки имкони ғунҷоиши 17 нафарро дорад, сурат мегирад. Ҳавопаймо дар як ҳафта се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа парвоз мекунад. Вақти парвоз вобаста ба вазъи обуҳаво метавонад тағйир ёбад.

Билетҳоро метавон аз нуқтаҳои фурӯши билетҳоии "Тоҷик Эйр", ки дар бинои ин ширкат (кӯчаи Мирзо Мастонгулов 32/1) ҷойгир аст, дастрас кард. Раиси ширкати “Тоҷик Эйр” Парвиз Шодмонзода он замон хабар дода буд, ки арзиши билет 900 сомониро ташкил медиҳад.

Ояндаи наздик ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ ба ноҳияҳои Лахш, Ғарм, Ванҷ, Рӯшон, Айнӣ, Ишкошим ва шаҳри Кӯлоб низ дар назар аст.

Парвози мустақим ба Гурҷистон

Баҳори соли гузашта бори нахуст дар таърих байни шаҳрҳои Душанбе ва Тифлис (пойтахти Гурҷистон) парвозҳои мустақим роҳандозӣ шуданд. Ин кишвар миёни тоҷикистониён хеле писандида аст. Парвози аввалин рӯзи 23 май сурат гирифт. Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба анҷом дода мешаванд.

Бекор шудани раводид бо Малдив

Моҳи ноябр мақомоти Тоҷикистон ва Малдив раводид (виза)-ро барои шаҳрвандони ҳарду кишвар бекор карданд. Созишнома шаҳрвандонро аз зарурати гирифтани раводид барои вуруду хуруҷ, транзит ва будубоши муваққатӣ дар қаламрави ҷониби дигар бо шарти аз 30 рӯз зиёд набудани муҳлати ҳузур озод мекунад.

Санади мазкурро Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва Али Насир Муҳаммад, намояндаи доимии Малдив дар СММ имзо карданд.

… ва бо Эрон

Аз 10 август реҷаи раводид байни Тоҷикистон ва Эрон бекор шуд. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон бидуни гирифтани раводид ба кишварҳои якдигар раванд ва то 30 рӯз онҷо монанд. Бар асоси ёддошти имзошуда, сафари бидуни раводид бо мақсадҳои тиҷоратӣ, корӣ, сайёҳӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон имконпазир аст.

Дар маводи зерин “Азия-Плюс” доир ба саволҳои мубрам дар бораи сафар ба Эрон бидуни раводид муфассал маълумот дода буд.

Парвозҳо ба Қатар

Моҳи ноябр ширкати ҳавопаймоиии “Сомон Эйр” дар ҳамдастӣ бо Fly.tj ба роҳандозии парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Давҳа оғоз намуданд. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Айни замон байни Тоҷикистон ва Қатар реҷаи бераводид барои шаҳрвандон амал мекунад.

Арабистони Саудӣ: ба наздикӣ натанҳо Ҷидда

Моҳи ноябр маълум шуд, ки байни шаҳрҳои Ар-Риёз ва Душанбе хатсайри мустақими ҳавоӣ роҳандозӣ мешавад. Ин хатсайри дуюм ба ин кишвар аст. Қаблан моҳи март хатсайри ҳавоии Душанбе-Ҷидда-Душанбе ба роҳ монда шуда буд.

Барқарор шудани парвозҳо ба Покистон

Тобистон “Сомон Эйр” парвозҳои мустақимро аз Душанбе ба Исломобод роҳандозӣ намуд. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзи панҷашанбе анҷом дода мешаванд. Ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Беназир Бҳутто, ки аз лиҳози бузургӣ сеюмин майдони нишаст дар Покистон аст, фуруд меоянд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан низ (соли 2022) “Сомон Эйр” ба Исломобод парвозҳо анҷом медод, лекин баъдан парвозҳо қатъ шуда буданд.

Мустақиман ба Озарбойҷон

Тобистон ширкати хатҳои ҳавоии Озарбойҷон дар бораи роҳандози хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Боку хабар доданд. Он замон зикр гардида буд, ки парвоз бо ин хатсайр ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии AZAL анҷом дода мешавад.

Билетҳо ба хатсайр барои харидан дар сомонаи расмии www.azal.az тариқи замимаи мобилии навшудаи ширкати ҳавопаймоӣ, инчунин дар нуқтаҳои фурӯш ва агентиҳои сабтшудаи Azerbaijan Airlines дастрас мебошанд.

Ҳамкорӣ бо Русия

Моҳи ноябр Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Русия дар бораи роҳандозии ҳамкории фаъол дар соҳаи сайёҳӣ хабар дода, “Харитаи роҳ”-ро барои рушди бахши сайёҳӣ байни минтақаҳо мувофиқа карданд.

Байни самтҳои ояндадор метавон сайёҳӣ барои табобату соливӣ, омӯзиш, кориву боздди аз мероси фарҳангиву таърихиро номбар кард.

Ғайр аз ин, ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, ширкатҳои сайёҳии минтақаи Урал ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои Тоҷикистон, бахусус дар рушди сайёҳии кӯҳгардӣ ва солимӣ ҳавасманданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.