Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд

Asia-Plus

Додситонии Истанбул барои панҷ шаҳрванди хориҷӣ, ки тибқи иттилои тафтишот, бо гумонбарони аслии ҳамлаи "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав дар тамос буданд, аз 7,5 то 15 соли зиндон талаб кардааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории расмии “Анадолу”.

Ин хабаргузорӣ аз онҳо Ҳофизҷон Усмонов, Мутеулло Асоев, Раҳмонулло Солиҳов, Муҳаммадраҳим Файзов ва Ҳамза Муҳаммад ном бурдааст. Ин расона шаҳрвандии гумонбаронро ошкор накардааст, вале расонаҳои дигар Муҳаммадраҳим Файзовро зодаи Тоҷикистон навиштанд.

Ба гуфтаи тафтишот, онҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳамалаи бевоситаи “Крокус” гумонбаранд, алоқа доштанд ва ба навиштаи РБК, яке аз боздоштшудаҳо ба ивази 800 ҳазор рубл (беш аз 7 ҳазор доллар) бомбгузорӣ дар маркази тиҷоратии “Вегас”, ки дар як бино бо “Крокус Сити Ҳолл” ҷойгир аст, пешниҳод кардааст.

Ҳофизҷон Усмонов, Мутеулло Асоев, Раҳмонулло Солиҳов ду рӯз баъд аз ҳодисаи “Крокус” -24 марти соли 2024 ҳангоми кӯшиши рафтан бо автобус ба Эрон ва Муҳаммадраҳим Файзов рӯзи 28 марти соли гузашта боздошт шуданд.

Мақомот гуфтаанд, онҳо талош доштанд, аз Туркия ба Эрон ва бархе сипас ба Афғонистон бираванд.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммадраҳим Файзов, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ӯ рӯзи 5 январи соли 2024 бо ҳамсараш ва Саидкарами Раҷабализода, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус” ба Туркия ворид шудааст.

Моҳи марти соли 2024 нашрияи туркии "Ҳуррият" навишта буд, ки Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин чанд ҳафта дар Истанбул буда, рӯзи 2-юми март ба Маскав рафтаанд. Фаридуни Шамсиддин дар бозпурсӣ гуфтааст, барои санадҳояш бояд аз Маскав берун мешуд ва аз ин рӯ ба Истанбул рафту баргашт.

Дар айбнома зикр шудааст, ки Муҳаммадраҳим Файзов ва Ҳофизҷон Усмонов муддате бо Фаридун Шамсиддин дар манзиле дар ноҳияҳои Авҷилор ва Эсенюрти Истанбул иқомат кардаанд.

Радиои Озодӣ навиштааст, ки Муҳаммадраҳим Файзов бародари Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус" дар Маскав аст.

"Ӯ 29-сола аст. Баъд аз ду ҳафтаи ҳамла ба "Крокус" дар Туркия боздошт шудааст," – гуфтааст манбаъи ин расона.

“Анадолу” санҷиши паёмҳои Мутеъулло Асоевро овардааст, ки ӯ бо гумонбарони асосии теракт муколама дошт:

– Салом, барои Шумо як кор ҳаст.

– Салом, ин чӣ “миссия” аст?

– Шумо дар маркази савдои "Вегас" бомба мегузоред. Ҳамаи лавозимоти заруриро мо таъмин мекунем. Музд – 800 ҳазор рубл.

– Пас аз анҷоми миссия чӣ мешавад?

– 100 ҳазор пешакӣ, 700 ҳазор баъд аз анҷом.

– Не, метарсам, ки маро дастгир мекунанд ва мекушанд.

– Не, одамони мо шуморо баъд аз насби бомба мегиранд ва то сарҳади Беларус мерасонанд. Дар он ҷо мо ба шумо шахсияти нав, манзил ва инчунин нақшаи амал медиҳем.

Додситонии Истанбул барои ин панҷ нафар мутобиқи моддаи «узвият дар ташкилоти террористии мусаллаҳ» аз 7,5 то 15 соли зиндон талаб кардааст.

Бояд гуфт, ки моҳи июни соли 2024 расонаҳои туркӣ навишта буданд, ки намояндагони “Вилояти Хуросон” қасди анҷоми як ҳамлаи дуввуми террористиро дар яке аз марокизи тиҷоратӣ дар Русия доштанд, вале хадамоти ҷосусии Туркия дар ин бора ҳамкорони руси худро огоҳ карданд.

Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав рӯзи 22 март тақрибан соати 20:00 рух дод. Ҳамлагарон ба сӯйи ғайринизомиён дар бино оташ кушода, толори мусиқиро оташ заданд ва фирор карданд. Бар асари ин ҳамла беш аз 140 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ин ҳамла яке аз бузургтарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи Русия аст, ки масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" – Вилояти Хуросон ба ӯҳда гирифт.

Чаҳор шаҳрванди Точикистон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридун Шамсидин ҳамчун гумонбари бевоситаи ҳамла ва чанд нафари дигар ҳамчун шарик ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Чанд маротиба муҳлати ҳабси онҳо дароз карда шуд.

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...